https://sputnik.tj/20210701/raisjumhuron-sarvaziron-vaksin-cputnik-v-em-1040561169.html
Раисҷумҳурону сарвазироне, ки ваксин гирифтанд: киҳо ва бо кадом дору
Раисҷумҳурону сарвазироне, ки ваксин гирифтанд: киҳо ва бо кадом дору
Sputnik Тоҷикистон
Чандин сарвазирону президентҳои кишварҳои пасошӯравӣ барои ҳифз кардани бадани худ аз вируси COVID - 19 ваксини "Спутник V" - ро интихоб намудаанд
2021-07-01T13:08+0500
2021-07-01T13:08+0500
2021-07-01T13:20+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
эмгузаронӣ
ваксина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1d/1039836313_0:0:3184:1791_1920x0_80_0_0_f69d9d0b1a4e8c21c4ef1e7d4c6ad33d.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бо ваксини истеҳсоли Русия - "Спутник V" аллакай Владимир Путин, Қосим - Ҷомарт Тоқаев ва ҳамчунин нахутсин кишвардори Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ваксинзанӣ шуданд.Илова бар ин, сарвазирони Қазоқистон Аскар Мамин, Белорус - Роман Головченко, Абхазистон - Александр Анкваб ва Осетияи Ҷанубӣ - Анатолий Бибилов низ ҳамин ваксинро гирифтанд.Маврид ба зикр аст, ки ваксини сохти Русия дар 67 давлати дунё бо аҳолии 3,5 миллиард нафар сабти ном шудааст.Муассирияти ин ваксин 97,6 дарсадро ташкил медиҳад.Аммо, дар Тоҷикистон бо ин ваксин танҳо низомиёни Пойгоҳи 201 - уми Русия эмгузаронӣ шуданду халос.Дар ҳоле, ки вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров дар охирин сафари худ ба Тоҷикисон изҳор дошт, ки Русия ваксини "Спутник V " - ро ба тариқи ройгон вориди Тоҷикистон мекунад.Сафари вазири Русия ба Тоҷикистон авохири моҳи май сурат гирифт ва бо гузашти беш аз як моҳ то ҳол ваксини мазкур дастраси Тоҷикистон нагрдидааст.Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар масъалаи овардани ваксини "Спутник V" ба кишвар то ҳол гуфтушунидҳо идома доранд.Ҳоло шаҳрвандони мамлакат бо ду навъ ваксин, ки яке сохти бритонӣ - шведӣ, аммо дар Ҳиндустон истеҳсолшуда ва дигаре сохти чинӣ мебошад, таъмин мешаванд.
https://sputnik.tj/20210630/malum-shud-vladimir-putin-bo-kadom-namudi-vaksina-em-karda-shud-1040540273.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1d/1039836313_455:0:3184:2047_1920x0_80_0_0_a565c021778bbeba9abade629243b916.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваксин, спутник v, эм
Раисҷумҳурону сарвазироне, ки ваксин гирифтанд: киҳо ва бо кадом дору
13:08 01.07.2021 (Навсозишуда: 13:20 01.07.2021) Чандин сарвазирону президентҳои кишварҳои пасошӯравӣ барои ҳифз кардани бадани худ аз вируси COVID - 19 ваксини "Спутник V" - ро интихоб намудаанд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бо ваксини истеҳсоли Русия - "Спутник V" аллакай Владимир Путин, Қосим - Ҷомарт Тоқаев ва ҳамчунин нахутсин кишвардори Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ваксинзанӣ шуданд.
Илова бар ин, сарвазирони Қазоқистон Аскар Мамин, Белорус - Роман Головченко, Абхазистон - Александр Анкваб ва Осетияи Ҷанубӣ - Анатолий Бибилов низ ҳамин ваксинро гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки ваксини сохти Русия дар 67 давлати дунё бо аҳолии 3,5 миллиард нафар сабти ном шудааст.
Муассирияти ин ваксин 97,6 дарсадро ташкил медиҳад.
Аммо, дар Тоҷикистон бо ин ваксин танҳо низомиёни Пойгоҳи 201 - уми Русия эмгузаронӣ шуданду халос.
Дар ҳоле, ки вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров дар охирин сафари худ ба Тоҷикисон изҳор дошт, ки Русия ваксини "Спутник V " - ро ба тариқи ройгон вориди Тоҷикистон мекунад.
Сафари вазири Русия ба Тоҷикистон авохири моҳи май сурат гирифт ва бо гузашти беш аз як моҳ то ҳол ваксини мазкур дастраси Тоҷикистон нагрдидааст.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар масъалаи овардани ваксини "Спутник V" ба кишвар то ҳол гуфтушунидҳо идома доранд.
Ҳоло шаҳрвандони мамлакат бо ду навъ ваксин, ки яке сохти бритонӣ - шведӣ, аммо дар Ҳиндустон истеҳсолшуда ва дигаре сохти чинӣ мебошад, таъмин мешаванд.