Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Кай ҷаҳон сиҳат мешавад? посухи Алтштейн ба суолҳои баҳсбарангез оиди ваксинзанӣ

© Pixabay/geraltИллюстрация Коронавируса
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2021
Обуна шудан
Пеш аз коронавирус дар соҳаи тиб аз истифодаи ваксинаҳои генетикӣ ҳарос доштанд, вале акнун бе онҳо мубориза бурдан ғайриимкон аст, мегӯяд Анатолий Алтштейн корманди илмии Институти Гамалея.
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Чанд нафар бояд эм карда шаванд, чаро реваксинатсия лозим аст ва вирус кай мағлуб мешавад? Ба ин саволҳои Sputnik, саркори илмии Институти Гамалея Анатолий Алтштейн посух дод.

Эмгузаронии оммавӣ

Русия - кишварест, ки яке аз аввалинҳо шуда ваксинаҳои самарабахшро таҳия кард. Аммо дар Федератсияи Русия одамон ба эмкунӣ кам майл доранд, изҳори таассуф мекунад Алтштейн.
Доктор медицинских наук, профессор и телеведущая Елена Малышева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Малишева гуфт, истеъмоли кадом ғизо пас аз ваксингирӣ ба саломатӣ хатар дорад
"Гарчанде ки маъракаи эмкунӣ ба шарофати талошҳои мақомоти Маскав хеле самараноктар гузашт (онҳо ба эмгузаронии муҳоҷирон шурӯъ карданд - идора.), дар маҷмӯъ мо қафо монда истодаем, зеро дигар кишварҳо аллакай беш аз 60% - и аҳолиро ваксин заданд. Мо дар сатҳи 12-15% қарор дорем. Миқёси эмгузаронӣ дар ҷаҳон бузург аст, тақрибан дуним миллиард ваксина гузаронида шудааст", - мегӯяд вирусолог.
Вай қайд мекунад, ки дар таърихи соҳаи тиб чунин эмгузаронии азим то кунун набудааст.

Дар бораи муқовимати ваксиндӯстдорон ва радкунандагон

"Бидуни шак, аз нуқтаи назари ман, ҳақиқат тарафдори онҳоест, ки ваксина мекунанд. Ин маънои онро надорад, ки 100% аҳолӣ бояд эм карда шаванд. Шояд ҳатто 70% аҳолӣ эм карда мешаванд. Дар ниҳоят, бисёриҳо эм карда намешаванд, масалан кӯдакони то 12-сола, беморони вазнин. Аммо 60-65%, шояд ҳатто 70% аҳолӣ метавонанд эм карда шаванд. Ва онҳо бояд эм карда шаванд", - гуфт Алштейн.
Профессор мегӯяд, ки ваксингирии дубора низ кори вижае нест - он барои мустаҳкам кардани масуният зарур аст.
Вакцинация медсетра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Оё пеш аз эмкунӣ аз COVID ташхиси антитела зарур аст?
Дар аввал, ҳеҷ зарурате набуд, ки дар давоми шаш моҳ аз нав эмгузаронӣ шавад, зеро он замон вирус ба чунин шакли хашмгин мутатсия нашуда буд, мегӯяд Анатолий Алштейн.
Вай эътироф мекунад, ки штамми ҳиндии COVID-19, ки "делта" ном дорад, "ба ваксинаҳо камтар осебпазир аст ва барои таъсири бештар ба ин вирус ва пахш кардани паҳншавии он, бояд масуниятро боқувват кард. Барои ҳамин реваксинатсия лозим аст".

Бозгашт ба зиндагии муқаррарӣ

"Чунин пандемияҳои даҳшатнок дар таърихи башарият зиёд буданд - чечак, вабо, аммо он замон мо ваксинаҳо надоштем. Ва танҳо пас аз 1796 ваксина алайҳи бемории чечак пайдо шуд. Ин ваксина дар асрҳои XIX-XX истифода шуда буд, ба тавре, ки ин сироят комилан нест карда шуд. Онро имрӯз дар рӯи замин пайдо кардан ғайриимкон аст ", - мегӯяд Анатолий Алштейн.
Вай қайд мекунад, ки соли 1980 Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳатто барои дарёфти чечак, $ 50,000 мукофотпулӣ эълон кард. Ва ин маблағ соҳиби худро наёфт.
Женщина в мобильном пункте сдачи теста на коронавирус в Хайдарабаде, Индия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Ҳиндустон навъи нави коронавирус пайдо шуд
"Охирин пандемияи даҳшатнок ҷаҳонро дар солҳои 1918-1919 фаро гирифта буд - ин зукоми испанӣ буд. Ва даҳҳо миллион нафар аз он фавтиданд. Он замон ваксинаҳо набуданд ва патогенҳои вирус номуайян монданд. Дар тӯли ду сол ин пандемия нест шуд. Дар робита ба пандемияи COVID-19, ман фикр мекунам, ки он дар тӯли як ё ду сол аз байн хоҳад рафт, аммо ҳоло имкони татбиқи он кӯшишҳое мавҷуд аст, ки қаблан барои инсоният дастнорас буданд. Ваксинаҳое, ки аз ҷиҳати генетикӣ сохта шудаанд, бори аввал ба таври васеъ истифода мешаванд", - мегӯяд вирусолог.
Вай мегӯяд, ки ин ваксинаҳо, аз соли 1980 инҷониб таҳия карда мешаванд, "онҳоро дар амал таблиғ кардан душвор буд, зеро тиҷорати ваксина хеле консервативӣ аст". Ба ҷои як навъи ваксина додани навъи дигар хеле хатарнок аст.
"Ва бори аввал барои муҳандисони генетикӣ имкониятҳо фароҳам омаданд ва онҳо тавонистанд ваксинаҳои хеле муассир созанд, ки ҳоло ба мо дар мубориза бо ин эпидемия кумак мекунанд. Равишҳои таҷрибавӣ солҳои 80-90-ум буданд, чизе дар миқёси хурд анҷом дода мешуд. Ва бори аввал мо тавонистем кор кунем, ваксинаҳои аз ҷиҳати генетикӣ таҳияшударо ҳангоми сар задани Эбола дар Африқо истифода намоем. Маҳз ҳамин ваксинаҳо самарабахштар буданд, ба ёд меорад Алштейн. Мо ифтихор дорем, ки кишвари мо аз аввалин таҳиягарони ваксинаҳои муассир буд".

Ҳамлаи нав?

Аз Ҳиндустон, ки макони пайдошавии штамми нави COVID-19 аст, дар бораи паҳншавии сирояти дигар - "Қолаби сиёҳ" гузоришҳо мерасанд. Оё эҳтимоли паҳншавии он дар дигар кишварҳо вуҷуд дорад?
"Қолаби сиёҳ як бемории занбуруғӣ аст, ки патогени кам дорад ва хеле кам одамон гирифтори он мешаванд. Аммо вақте, ки одамон ба коронавирус сироят меёбанд, гирифторӣ аб ин беморӣ барояшон марговар мешавад", - бовар дорад олим.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Русия штамми марговари коронавирус сабт шуд
Аммо дар баробари ин, Анатолий Алштейн қайд кард, ки ин беморӣ барои Русия ва кишварҳои ҳамсоя амалан хатар надорад, зеро маркази паҳншавии он Ҳиндустон аст ва то ҳол беморӣ дар дигар манотиқ сабт нашудааст.
Инчунин ин он навъи беморие нест, ки тиб бо он мубориза бурда наметавонад. Ваксинаи русии "Спутник V" ҳангоми муқовимат бо коронавирус эҳтимолияти бемориро коҳиш медиҳад ва воқеан метавонад одамонро аз марг наҷот диҳад.
Лентаи хабарҳо
0