https://sputnik.tj/20210629/rusiya-shtammi-margovari-koronavirus-1040525663.html
Дар Русия штамми марговари коронавирус сабт шуд
Дар Русия штамми марговари коронавирус сабт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Штамми коронавируси "делта плюс", ки аз он чун хафвноктарин сирояткунанда ном бурда мешавад, ахиран дар Русия пайдо шуд
2021-06-29T19:19+0500
2021-06-29T19:19+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар русия
тандурустӣ
ваксина
даргузашт
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035094973_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_362b09fdc2342484d90d2fa1c1050066.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова зимни ҷаласаи президиуми шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди COVID-19, дар Русия пайдо шудани навъи марговари коронавирусро тасдиқ кард.Бо сабаби сабти ин бемории хатарнок дар кишвар, Попова аз сарвазири Русия Михаил Мишустин даъват кард, ки фармони манъи чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла чорабиниҳои сиёсиро дастгирӣ кунад. Ёдовар мешавем, ки "делта плюс" як навъи штамми ҳиндии коронавирус аст. Он бори аввал тирамоҳи соли 2020 кашф карда шуд. Коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) қайд карданд, ки "делта плюс" нисбат ба нусхаи аввали COVID-19, ки аз Ухани Чин паҳн шудааст, ду маротиба хатарноктар аст. Намуди нав марговартар аст, гуфтанд коршиносон.Намуди нави коронавирус бо ҳуҷайраҳои шуши инсон зудтар пайваст мешавад ва дарҳол онҳоро сироят мекунад.Дар ҳоли ҳозир "делта плюс" ба ҷуз Русия, дар панҷ кишвари дигар сабт шудааст. Тибқи омор то 28 июн, дар ҷаҳон танҳо 200 ҳолати сироятёбӣ ба ин штамми COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Бисёре аз олимон аз бесамар будани аксари ваксина нисбати штамми "делта плюс" изҳори нигаронӣ мекунанд.Қаблан директори маркази илмии "Вектор" -и Русия Ринат Максютов гуфта буд, ки доруи "ЭпиВакКорона" баданро аз ҳама гуна мутатсияҳои COVID-19 муҳофизат мекунад.
https://sputnik.tj/20210629/korshinos-emshudaho-dubora-covid-vaksin-1040521410.html
https://sputnik.tj/20210629/tojikiston-qoidahoi-vurud-ba-kishvarro-shadidtar-mekunad-1040507896.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035094973_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_f4eddbe658910f2e39f9899bb3ab00fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вируси корона, русия штамми нав
вируси корона, русия штамми нав
Дар Русия штамми марговари коронавирус сабт шуд
19:19 29.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Штамми коронавируси "делта плюс", ки аз он чун хафвноктарин сирояткунанда ном бурда мешавад, ахиран дар Русия пайдо шуд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова зимни ҷаласаи президиуми шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бар зидди COVID-19, дар Русия пайдо шудани навъи марговари коронавирусро тасдиқ кард.
"Мо ҳамаи маълумотро бодиққат санҷидем. Хабар тасдиқ шуд: ин воқеан навъи "делта плюс" аст, - гуфт ӯ.
Бо сабаби сабти ин бемории хатарнок дар кишвар, Попова аз сарвазири Русия Михаил Мишустин даъват кард, ки фармони манъи чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла чорабиниҳои сиёсиро дастгирӣ кунад.
Ёдовар мешавем, ки "делта плюс" як навъи штамми ҳиндии коронавирус аст. Он бори аввал тирамоҳи соли 2020 кашф карда шуд.
Коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) қайд карданд, ки "делта плюс" нисбат ба нусхаи аввали COVID-19, ки аз Ухани Чин паҳн шудааст, ду маротиба хатарноктар аст.
Намуди нав марговартар аст, гуфтанд коршиносон.
Намуди нави коронавирус бо ҳуҷайраҳои шуши инсон зудтар пайваст мешавад ва дарҳол онҳоро сироят мекунад.
Дар ҳоли ҳозир "делта плюс" ба ҷуз Русия, дар панҷ кишвари дигар сабт шудааст. Тибқи омор то 28 июн, дар ҷаҳон танҳо 200 ҳолати сироятёбӣ ба ин штамми COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Бисёре аз олимон аз бесамар будани аксари ваксина нисбати штамми "делта плюс" изҳори нигаронӣ мекунанд.
Қаблан директори маркази илмии "Вектор" -и Русия Ринат Максютов гуфта буд, ки доруи "ЭпиВакКорона" баданро аз ҳама гуна мутатсияҳои COVID-19 муҳофизат мекунад.