“Агар мо ором нашавем, шумо ҳам ором намешавед” – суҳбат бо Камол Софӣ, “мухлиси Толибон”

© Sputnik / Amir IsaevКамол Софӣ, муовини раиси Луи ҷиргаи машваратии сулҳ ва вакили Вулуси ҷирга - Маҷлиси намояндагони Афғонистон
Камол Софӣ, муовини раиси Луи ҷиргаи машваратии сулҳ ва вакили Вулуси ҷирга - Маҷлиси намояндагони Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Обуна шудан
Як вакили парлумони Афғонистон мегӯяд, ки ҳам ҳукумат ва ҳам Толибон ба хотири манофиатҳои миллӣ намехоҳанд қурбонӣ диҳанд
ДУШАНБЕ, 3 июл - Sputnik. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо фарде як суҳбати сарироҳӣ анҷом дод, ки дар кишвари худ яке аз пуштибонони гурӯҳи радикалии Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба ҳисоб меравад. Ин суҳбат бидуни тағйир нашр мешавад.
Камол Софӣ, муовини Луи ҷиргаи машваратии сулҳ ва вакили Маҷлиси намояндагони Афғонистон аст, ки дар ҳайати ин кишвар барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба Душанбе омада буд.
Дар ин ҷаласа ҳайатҳо бо нигаронӣ аз вазъи Афғонистон бар талошҳои муштарак барои овардани сулҳ дар ин кишвар низ таъкид карданд.
Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: бақои Афғонистон дар хатар аст
Камол Софӣ дар парлумони Афғонистон аз вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Кундуз намояндагӣ мекунад, он ҷо ки қисмати бузургашро гурӯҳи радиалии Толибон забт кардаанд. Суоли нахуст аз ӯ ин буд, ки оё ба нигарониҳои кишварҳои шимол чӣ посух дорад?
- То замоне, ки дар Афғонистон сулҳи пойдор наояд, ин куштан куштанҳо идома ёбад, ин нигарониҳо хоҳанд буд. Агар ҳамсояатон даргири ҷанг бошад, дар қаламраваш амнияту субот набошад ва иқтисодаш заифу нотавон бошад, ҳамсояҳои дигар низ осебпазир мешаванд. То Афғонистон ором нашавад, ҳамсояҳо ором намешаванд.
- Сулҳи пойдор гуфтед. Ҳудуди нуҳ моҳ дар Доҳаи Қатар миёни ҳайатҳои ҳукумати Афғонистону Толибон музокироти сулҳ ҷараён дошт, аммо натиҷа надод. Ҷангҳое, ки дар Шимолу дигар гӯшаву канори Афғонистон идома доранд, баёнгари он аст, ки Толибон аслан ба сулҳ эътиқоде надоранд. Фикр мекунед, чаро?
- Ман муовини Луи ҷиргаи машваратии сулҳ ҳастам. Медонам, ки асли матлаб чист. Мушкил аз ду тараф аст. Гуфтани ин, ки як тараф сулҳ мехоҳад, як тарафи дигар на, дуруст нест. Мутаассифона, ҳарду тараф барои сулҳи пойдор мухлису содиқу вафодор нестанд.
- Масалан, чаро ҳукумати Афғонистон мухлиси сулҳ нест?
- Ҳукумат мулоҳизот, мутолабот ва шароити хоси худро барои сулҳ дорад. Сулҳ як қурбонии бемисол мехоҳад. Раҳбарии ҳар ду тараф ба ин ҳозир нестанд.
Масалан, барои сулҳ мо шояд мансабҳои олиро аз даст бидиҳем, ки барои ин ҳукумат зеҳнан омода нест.
Дуввум, бархе раҳбарони сиёсии мо дар идомаи ҷангҳо манфиат доранд. Онҳо барои ин корашон аз сафоратҳо, кишварҳо ва истихбороти хориҷӣ имтиёзот ба даст меоранд. Агар сулҳ шавад, онҳо аз ин имтиёзҳо маҳрум мешаванд.
- Гуфтед, ки Толибон аз ҳукумат мансабҳои олиро талаб доранд. Бархе бар ин назаранд, ки Толибон худро фотеҳи ҷанг бо Амрикову НАТО ва ҳукумати Афғонистонро дастнишондаи онҳо меҳисобанд. Ҳукумат ҳам ононро як нерӯи ниёбатии хориҷӣ мехонад. Пас дар бораи кадом сулҳ мешавад суҳбат кард?
- Як беэътимодии бисёр бузург миёни онҳо вуҷуд дорад. Бале, ҳукумат Толибонро, Толибон ҳукуматро қабул ва сари якдигар эътимод надоранд. Ин беэътимодӣ бояд аз байн бурда шавад. Аммо ин кор қурбонӣ, худро таслим додан ба манофеъи миллиро мехоҳад. Ин руҳияро мо давлатмардони Афғонистон, мутаассифона, аз ду тараф надорем.
Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Маскав: эътимоди Русия ба ҷунбиши Толибон қабл аз вақт аст
- Яъне ҷанг ногузир аст ва сулҳ омаданӣ нест?
- Дар ин марҳалаи ҳассос мо ба як дӯсти содиқу холис, дӯст, мухлис ва қудратманд ниёз дорем, ки сари ҳар ду тараф таъсир дошта бошад, ҳардуро сари миз нишонад ва миёни онҳо эътимодсозӣ кунад, то мо ба орзуи муқаддаси мардуми худ – сулҳу амният бирасем.
- Кишварҳои ҳамсоя бояд чӣ кор кунанд?
- Ҳар ҳамсоя назар ба манофеъи худ бо мо пеш меравад. Мо сари баъзе ҳамсояҳо мулоҳиза дорем. Аз баъзеяшон хуш ҳастем.
© Sputnik / Amir IsaevКамол Софӣ, муовини раиси Луи ҷиргаи машваратии сулҳ ва вакили Вулуси ҷирга - Маҷлиси намояндагони Афғонистон
Камол Софӣ, муовини раиси Луи ҷиргаи машваратии сулҳ ва вакили Вулуси ҷирга - Маҷлиси намояндагони Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2021
Камол Софӣ, муовини раиси Луи ҷиргаи машваратии сулҳ ва вакили Вулуси ҷирга - Маҷлиси намояндагони Афғонистон
Намехоҳам мушаххас ном бигирам, аммо аз бархе таваққӯъ доштем ва дорем, ки ба он савияе, ки онҳо бояд ҳамкор мебуданд, ҳамкор нестанд, аммо бояд ҳамкор бошанд. Агар мо ба сулҳ нарасем, зарараш барои ҳамаи мост.
- Абдураҳим Аюбӣ, собиқ вакили парлумони Афғонистон аз Қандаҳор гуфт, ки ин ҷанги толибу ҳукумат нест, ҷанги Афғонистону Покистон аст. Шумо чӣ назар доред?
- Албатта, ин назари шахсии он кас аст. Аммо як гап возеҳ аст: Толибон дар сатҳи минтақаву ҷаҳон муттаҳидини худро пайдо кардаанд. Вуҷуҳоти муштараки худро низ бо бархе мамолик доранд.
Аз ин хотир, онҳо Толибонро дар ҳар арса ҳимоят мекунанд. Аммо гуфтани ин, ки як ҷанг миёни Покистону Афғонистон аст, аз лиҳози сиёсиву дипломатӣ дуруст нест. Тайи 40 соли ахир теъдоди бузурге аз мардуми мо ба Покистон паноҳ бурданд. Бархе монда, бархе баргаштанд. Иддае ҳам таҳти таъсири ниҳодҳои покистонӣ ҳастанд.
- Оё Толибон бо дигар кишварҳо чӣ вуҷуҳоти муштаракот доранд?
- Аз ҳузури нерӯҳои Амрико ва НАТО бархе кишварҳо дар минтақа ва фаротар аз он хуш нестанд. Толибон ҳам ин ҳузурро қабул надоранд. Ин шуд ваҷҳи муштараки Толибон ва он кишварҳо.
- Толибон чӣ мардум ҳастанд? Онҳо як гуруҳи ифротӣ ва парчамбардори ҷаҳолати асримиёнагиву харобкориву нақзи ҳуқуқи инсон, қабл аз ҳама занҳо, шинохта мешаванд.
- Толибон як ҷанги хатарноку шадид ба роҳ андохтааст. Дар ҳамин авохир, ки бархе аз таъсисоти давлатиро тахриб карданд, дар азҳони мардуми омма ҷойгоҳеро, ки доштанд, то ба ҳадде аз даст доданд. Онҳо пушаймонӣ карданд, як эъломия доданд, ки дигар набояд таъсисоти миллии худро тахриб кунем. Ин далолат бар он мекунад, ки онҳо низ соҳиби ин ватананд ва ба он меандешанд.
Афганские мигранты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Афғонистон аз Покистон хост, ки муҳоҷиронро абзори фишор насозад
Бо омадани Бисмиллоҳхон ба вазорати дифоъ ва раҳбарии ҷанг ҷабҳаи ҷанг тағйир кард. Ӯ сари муҷоҳидин ва дигар афроди бонуфуз, ки бо силоҳҳои сабуку сангин муҷаҳҳазанд, садо кард, ки дар қиболи толибҳо ҷабҳагирӣ кунанд. Аммо ҳар кӣ туфанг боло мекунад, ба хайру манфиати мардуми мо нест.
- Шумо аз хезишҳои мардумӣ алайҳи Толибон ҷонибдорӣ намекунед?
- Мо минҳайси як миллат зарурати зиёд ба сулҳ, оромӣ ва пешрафт дорем. 40 сол дар ҷанг будем, гарм кардани ҷабҳаву майдони ҷанг чаро? Ин қобили қабул нест. Хезишҳои мардумӣ қонунӣ ҷӯр намешаванд. Малишаҳои шахсиву ҳизбиву самтӣ ва афроди бонуфуз, ки 40 сол боз аз онҳо ба мардуму кишвар манфиате нарасидааст, аз ҳошия ба матн меоянд, ки посухгӯ ба ҳеҷ навъи қонун нест.
- Бисмиллоҳхон кори хато кард?
- Агар кори ӯ дар чаҳорчӯби қонун мешавад, хуб аст, аммо ба ин гуна, ки роҳи ин гуруҳҳо боз шаваду даст ба чӯру чаповули мардум, ғасби моликияту ихтитофи одамҳову дигар ҷиноятҳо зананд, аслан пазируфтанӣ нест. Агар таърихи 42 соли ахирро бубинем, хезишҳои мардумӣ агар як кори хайр карда, даҳ кори бехайрӣ ҳам анҷом додаанд.
Лентаи хабарҳо
0