https://sputnik.tj/20210703/sharh-vaz-salomati-sherali-kabir-alomatho-koronavirus-1040628146.html
Шарҳи вазъи саломатии вазир - Шералӣ Кабир, ки бо аломатҳои коронавирус бистарӣ шудааст
Шарҳи вазъи саломатии вазир - Шералӣ Кабир, ки бо аломатҳои коронавирус бистарӣ шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Наздикони Шералӣ Кабир, вазири 49-солаи саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гирифторияшро ба беморӣ бо аломатҳои коронавирус таъйид карда, таъкид мекунанд, ки вазъи саломатияш беҳбуд ёфтааст
2021-07-03T17:24+0500
2021-07-03T17:24+0500
2021-08-10T14:52+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
алюминий
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719298_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_fd1bd4777ebde0771e3a7b396236e004.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон бо илтиҳоби шадиди шуш дар Беморхонаи гастроэнтрология, ки бо номи беморхонаи Мансуров маъруф аст, бистарӣ шудааст. Наздикони Шералӣ Кабир дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ҳудуди ду ҳафта қабл ӯ худро нороҳат эҳсос кард ва баъди пайдо шудани аломатҳои бемории коронавирус ба беморхона муроҷиат кардаанд. Шералӣ Кабир, ки расо 8 моҳ қабл ба мақоми вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъйин шуд, 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1992 Донишкадаи савдои советӣ – кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоративу кооператвии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва дипломи аъло хатм кардааст.Соли 2003 ӯ курсҳои такмили ихтисос дар самти муфлисшавӣ ва солимгардонии вазъи молиявиро дар Донишгоҳи байналмиллалии бонкии шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия низ хатм намуд.Доктори улуми иқтисод (2013), донандаи забонҳои русиву англисӣ ва соҳиби 5 фарзанд мебошад. Шералӣ Кабир дар оғоз дар вазифаи муовини тиҷории раиси кооперативи “Сигнал”- и заводи “Спетсавтоматика” (1993 – 1994) ба фаъолият пардохта, як замон муовини тиҷории президенти Ҷамъияти саҳомии “Тенис” – и шаҳри Душанбе (1994 – 1999) низ буд.Пас аз ин ӯ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба кор омад. Нахуст дар вазифаҳои мутахасиси дараҷаи аввал, сармутахасис, сардори шӯъба дар Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва захираҳои моддӣ - техникӣ (1999 – 2001) ва сипас сармутахасиси Хадамоти савдо, сайёҳӣ ва фаъолияти биржавӣ (2001) кор кард. Як муддат сардори хадамоти Биржаи молии маҳсулоти саноатӣ (2001 – 2003) – и Тоҷикистон буд.Аз соли 2003 то 2005 дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” дар вазифаҳои гуногун, аз сардори Идораи амалиёти бонкӣ то муовинии раиси Раёсати ҶСК “Ориёнбонк” кор кардааст Пас аз ин ӯ ба Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, ки дар вазъи буҳронӣ қарор дошт ва соли 2007 ба Ширкати алюминиуми Тоҷикистон табдили ном кард, ба кор омад.Дар оғоз муовини якуми директори Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон (2005) буд.Баъдтар директори молия ва тиҷорати Ширкати алюминиуми Тоҷикистон (2007) таъин шуд. Аз соли 2015 то таъйинаш ба мақоми вазирӣ раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии “Ширкати алюминий тоҷик” буд, ки ҳудуди даҳ зерширкат, аз ҷумла “Алюминсохтмон”, “Талко кабел”, “Талко флюарит”, “Талко Кемикал”, “Талко Ресурс”, Талко Голд” ва ғайраро муттаҳид мекунад.
https://sputnik.tj/20210703/hatmi-shudani-vaksina-gushanishinii-10-ruza-tuyho-sitod-tojikistoniyon-1040627769.html
https://sputnik.tj/20210702/marg-koronavirus-tojikiston-omor-vazorat-1040609117.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719298_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_6a5a6b9caf3c0cecda0b806e9edd8803.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гирифторӣ, беморӣ, коронавирус, аломат, беҳбуд, шералӣ кабир
гирифторӣ, беморӣ, коронавирус, аломат, беҳбуд, шералӣ кабир
Шарҳи вазъи саломатии вазир - Шералӣ Кабир, ки бо аломатҳои коронавирус бистарӣ шудааст
17:24 03.07.2021 (Навсозишуда: 14:52 10.08.2021) Наздикони Шералӣ Кабир, вазири 49-солаи саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гирифторияшро ба беморӣ бо аломатҳои коронавирус таъйид карда, таъкид мекунанд, ки вазъи саломатияш беҳбуд ёфтааст
ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон бо илтиҳоби шадиди шуш дар Беморхонаи гастроэнтрология, ки бо номи беморхонаи Мансуров маъруф аст, бистарӣ шудааст.
Наздикони Шералӣ Кабир дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ҳудуди ду ҳафта қабл ӯ худро нороҳат эҳсос кард ва баъди пайдо шудани аломатҳои бемории коронавирус ба беморхона муроҷиат кардаанд.
"Рӯзҳои аввал вазъаш вахим буд, чанд рӯз зери дастгоҳи ҳаводиҳии сунъӣ қарор дошт. Ду рӯзи охир вазъаш хуб буда, озодона ҳарф мезанад", - изҳор дошт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Шералӣ Кабир, ки расо 8 моҳ қабл ба мақоми вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъйин шуд, 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1992 Донишкадаи савдои советӣ – кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоративу кооператвии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва дипломи аъло хатм кардааст.
Соли 2003 ӯ курсҳои такмили ихтисос дар самти муфлисшавӣ ва солимгардонии вазъи молиявиро дар Донишгоҳи байналмиллалии бонкии шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Россия низ хатм намуд.
Доктори улуми иқтисод (2013), донандаи забонҳои русиву англисӣ ва соҳиби 5 фарзанд мебошад. Шералӣ Кабир дар оғоз дар вазифаи муовини тиҷории раиси кооперативи “Сигнал”- и заводи “Спетсавтоматика” (1993 – 1994) ба фаъолият пардохта, як замон муовини тиҷории президенти Ҷамъияти саҳомии “Тенис” – и шаҳри Душанбе (1994 – 1999) низ буд.
Пас аз ин ӯ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба кор омад. Нахуст дар вазифаҳои мутахасиси дараҷаи аввал, сармутахасис, сардори шӯъба дар Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва захираҳои моддӣ - техникӣ (1999 – 2001) ва сипас сармутахасиси Хадамоти савдо, сайёҳӣ ва фаъолияти биржавӣ (2001) кор кард. Як муддат сардори хадамоти Биржаи молии маҳсулоти саноатӣ (2001 – 2003) – и Тоҷикистон буд.
Аз соли 2003 то 2005 дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” дар вазифаҳои гуногун, аз сардори Идораи амалиёти бонкӣ то муовинии раиси Раёсати ҶСК “Ориёнбонк” кор кардааст Пас аз ин ӯ ба Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, ки дар вазъи буҳронӣ қарор дошт ва соли 2007 ба Ширкати алюминиуми Тоҷикистон табдили ном кард, ба кор омад.
Дар оғоз муовини якуми директори Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон (2005) буд.
Баъдтар директори молия ва тиҷорати Ширкати алюминиуми Тоҷикистон (2007) таъин шуд. Аз соли 2015 то таъйинаш ба мақоми вазирӣ раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии “Ширкати алюминий тоҷик” буд, ки ҳудуди даҳ зерширкат, аз ҷумла “Алюминсохтмон”, “Талко кабел”, “Талко флюарит”, “Талко Кемикал”, “Талко Ресурс”, Талко Голд” ва ғайраро муттаҳид мекунад.