https://sputnik.tj/20210703/hatmi-shudani-vaksina-gushanishinii-10-ruza-tuyho-sitod-tojikistoniyon-1040627769.html
Аз ҳатмӣ шудани ваксина то гӯшанишинии 10-рӯза ва тӯйҳо: муроҷиати Ситод ба тоҷикистониён
Аз ҳатмӣ шудани ваксина то гӯшанишинии 10-рӯза ва тӯйҳо: муроҷиати Ситод ба тоҷикистониён
Sputnik Тоҷикистон
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии сарвазир Қоҳир Расулзода фаъолият дорад, ваксинаро барои ҳамаи шаҳрвандони болиғи ҷумҳурӣ ҳатмӣ эълон кард
2021-07-03T16:31+0500
2021-07-03T16:31+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ситод дар ҷт
коронавирус
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/12/1032478620_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_1e627471bf8f75a99342a2b99f1ea958.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар мавриди тӯйу маъракаҳо ва ҳатмӣ шудани ваксиназанӣ дар ҷумҳурӣ муроҷиатномаи ҷадид нашр кардааст. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 -сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Ситод мегӯяд, вобаста хатари зиёди паҳншавию интиқоли бемории сироятии коронавирус аз шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳама гуна чорабинию ҷамъомадҳои оммавӣ, тӯю хурсандиҳо ва маъракаҳои гуногунро бо иштироки шумораи ками одамон гузаронанд."Ба шаҳрвандоне, ки баъд аз сафар ба кишварҳои хориҷӣ вориди қаламрави Тоҷикистон мешаванд, тавсия дода мешавад, ки ҳатман аз ташхиси бемории сироятии коронавирус гузашта, новобаста аз ҷавоби мусбӣ ё манфии ташхис давоми даҳ шабонарӯз худро бе иртибот бо наздикону пайвандон, дар ҳуҷраи алоҳида ба муҳофизати тиббии бехатарӣ фаро гиранд", - таъкид шудааст дар мурҷиатнома.Аз шаҳрвандон даъват шудаст, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя карда, дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.
https://sputnik.tj/20210703/akademik-akbar-tursun-behbud-1040624835.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/12/1032478620_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_59ef5db502c9dea81ac7f772aa66dd42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қонун, қарор
Аз ҳатмӣ шудани ваксина то гӯшанишинии 10-рӯза ва тӯйҳо: муроҷиати Ситод ба тоҷикистониён
16:31 03.07.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии сарвазир Қоҳир Расулзода фаъолият дорад, ваксинаро барои ҳамаи шаҳрвандони болиғи ҷумҳурӣ ҳатмӣ эълон кард
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар мавриди тӯйу маъракаҳо ва ҳатмӣ шудани ваксиназанӣ дар ҷумҳурӣ муроҷиатномаи ҷадид нашр кардааст.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 дар Тоҷикистон, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 -сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.
"Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад", - омадааст дар муроҷиатнома.
Ситод мегӯяд, вобаста хатари зиёди паҳншавию интиқоли бемории сироятии коронавирус аз шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳама гуна чорабинию ҷамъомадҳои оммавӣ, тӯю хурсандиҳо ва маъракаҳои гуногунро бо иштироки шумораи ками одамон гузаронанд.
"Ба шаҳрвандоне, ки баъд аз сафар ба кишварҳои хориҷӣ вориди қаламрави Тоҷикистон мешаванд, тавсия дода мешавад, ки ҳатман аз ташхиси бемории сироятии коронавирус гузашта, новобаста аз ҷавоби мусбӣ ё манфии ташхис давоми даҳ шабонарӯз худро бе иртибот бо наздикону пайвандон, дар ҳуҷраи алоҳида ба муҳофизати тиббии бехатарӣ фаро гиранд", - таъкид шудааст дар мурҷиатнома.
Аз шаҳрвандон даъват шудаст, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя карда, дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.