https://sputnik.tj/20210608/bahshish-jazo-farmoni-prezident-taghyiroti-kadr-komissiyai-afv-1040091056.html
Бахшиши ҷазо: фармон барои тағйирот дар Комиссияи назди президент
Бахшиши ҷазо: фармон барои тағйирот дар Комиссияи назди президент
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармон дар ҳайати Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди президент тағйирот ворид кард
2021-06-08T20:15+0500
2021-06-08T20:15+0500
2021-06-08T20:23+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
тағйироти кадрӣ
комиссия
гуноҳ
афв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/15/1039646983_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_c0f5d0e22d0b1d6990d7fa3f9d76128c.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Бар асоси фармон, ноиби аввали раиси Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайати Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди президент шомил гардид. Феълан ноиби аввали Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи раисиҷумҳур - Фирдавс Ҳаётзода мебошад, ки моҳи декабри соли гузашта ба ин мақом таъйин гардид. Ӯ қаблан дар вазифаи ноиби сардори Хадамоти иҷро кор мекард. Шомилшавии Ҳаётзода ба Комиссияи оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди президенти Тоҷикистон дар ҳолест, ки роҳбарии комиссияро сарвазир Қоҳир Расулзода ба уҳда дошта, ба ҳайати он додраси олӣ, додситони кул, вазирони адлия, умури дохилию хориҷӣ, роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раиси Агентии зидди фасод шомил мебошанд. Фармони тағйиротро дар Комиссия Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи май имзо кардааст. Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди президенти Тоҷикистон, мақоми доимамалкунанда буда, ба баррасии пешакии дархостҳои бахшиши гуноҳ ва пешниҳодҳо ба раисиҷумҳур машғул мебошад. Дар Тоҷикистон маҳкумшудагон, аз ҷумла барои гуноҳҳои сангин ҳақ доранд, аз раисиҷумҳур бахшиши гуноҳро дархост кунанд. Комиссияи мазкур, ки расо чор сол қабл ташкил шуд, таъминоти иттилоотӣ ва таҳлилии фаъолияти Президентро дар масъалаҳои бахшиши ҷазо ба уҳда дошта, қарори ниҳоиро худи раисиҷумҳур қабул мекунад. Дар ҳамин ҳол вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз эҳтимоли эълони "афви тиллоӣ" дар Тоҷикистон мегӯянд, ки интизор меравад, дар арафаи ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ гардад. Аммо расман ин иттилоъ то ҳол тасдиқ нашудааст. Мақомоти тоҷик қаблан эълон нашудани қарорҳои марбут ба афвро ба он рабт доданд, ки дар бисёри ҳолатҳо бархе аз афрод бо сӯиистифода аз қонуни афв худашон даст ба ҷинояткорӣ мезаданд. Бори охир дар Тоҷикистон қонуни афв соли 2019-ум қабул гардид, ки ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро гирифта буд.
https://sputnik.tj/20201030/Eloni-avfi-zindonin-dar-Toikiston-Ramon-besh-az-300-mabusro-bakhshid-1032189021.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/15/1039646983_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_2f7329d2e8766abba34d0badba9c0b88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фармон, президент, тағйирот, кадрӣ, бахшиш, гуноҳ, ҷазо
фармон, президент, тағйирот, кадрӣ, бахшиш, гуноҳ, ҷазо
Бахшиши ҷазо: фармон барои тағйирот дар Комиссияи назди президент
20:15 08.06.2021 (Навсозишуда: 20:23 08.06.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармон дар ҳайати Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди президент тағйирот ворид кард
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Бар асоси фармон, ноиби аввали раиси Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайати Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди президент шомил гардид.
Феълан ноиби аввали Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи раисиҷумҳур - Фирдавс Ҳаётзода мебошад, ки моҳи декабри соли гузашта ба ин мақом таъйин гардид. Ӯ қаблан дар вазифаи ноиби сардори Хадамоти иҷро кор мекард.
Шомилшавии Ҳаётзода ба Комиссияи оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди президенти Тоҷикистон дар ҳолест, ки роҳбарии комиссияро сарвазир Қоҳир Расулзода ба уҳда дошта, ба ҳайати он додраси олӣ, додситони кул, вазирони адлия, умури дохилию хориҷӣ, роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раиси Агентии зидди фасод шомил мебошанд. Фармони тағйиротро дар Комиссия Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи май имзо кардааст.
Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди президенти Тоҷикистон, мақоми доимамалкунанда буда, ба баррасии пешакии дархостҳои бахшиши гуноҳ ва пешниҳодҳо ба раисиҷумҳур машғул мебошад. Дар Тоҷикистон маҳкумшудагон, аз ҷумла барои гуноҳҳои сангин ҳақ доранд, аз раисиҷумҳур бахшиши гуноҳро дархост кунанд.
Комиссияи мазкур, ки расо чор сол қабл ташкил шуд, таъминоти иттилоотӣ ва таҳлилии фаъолияти Президентро дар масъалаҳои бахшиши ҷазо ба уҳда дошта, қарори ниҳоиро худи раисиҷумҳур қабул мекунад.
Дар ҳамин ҳол вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз эҳтимоли эълони "афви тиллоӣ" дар Тоҷикистон мегӯянд, ки интизор меравад, дар арафаи ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ гардад. Аммо расман ин иттилоъ то ҳол тасдиқ нашудааст.
Мақомоти тоҷик қаблан эълон нашудани қарорҳои марбут ба афвро ба он рабт доданд, ки дар бисёри ҳолатҳо бархе аз афрод бо сӯиистифода аз қонуни афв худашон даст ба ҷинояткорӣ мезаданд.
Бори охир дар Тоҷикистон қонуни афв соли 2019-ум қабул гардид, ки ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро гирифта буд.