https://sputnik.tj/20210703/akademik-akbar-tursun-behbud-1040624835.html
Хабари хуш: вазъи сиҳатии академик Акбар Турсун беҳбуд ёфтааст
Хабари хуш: вазъи сиҳатии академик Акбар Турсун беҳбуд ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазъи сиҳатии Акбар Турсун, яке аз чеҳраҳои маъруфи илми Тоҷикистон, ки аз маризии “вируси корона” ранҷ мебурд, беҳбуд ёфтааст 03.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-03T15:00+0500
2021-07-03T15:00+0500
2021-07-03T15:00+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
иҷтимоъ
олим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/43/1031324395_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_c9bd389297d65085403c08d1cbafa4b2.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл - Sputnik. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли наздикони ӯ гуфтанд, ки вазъи сиҳатиаш дар қиёс бо рӯзҳои гузашта беҳтар шуда, ҳоло озодона ҳарф мезанад. Вай афзуд, "аз ҳамон оғоз Академияи улум барои табобаташон пизикшкони ботаҷрибаро эъзом кард ва онҳо муваффақ шуданд, то маризӣ ба шуши он кас нуфуз кунад".Ба қавли ин манбаъ, Акбар Турсун дар манзили писари бузургаш дар шаҳри Душанбе табобат мегирад ва худро хуб ҳис мекунад. Академик Акбар Турсун, доктори улуми фалсафа, яке аз чеҳраҳои намоёни илму фарҳанги Тоҷикистон аст, ки номаш дар қатори бузургоне, назири Лоиқ Шераливу Бозор Собир ва Муъмин Қаноат зикр мешавад. Ӯ 82 сол дошта, ҳамоно бо пажӯҳишҳои илмӣ машғул аст. Акбар Турсун як замон директори Институти шарқшиносӣ (1986-1992) ва директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон (2011-2015) ва дар замони ҷанги шаҳрвандӣ муҳаққиқи Маркази таҳқиқоти Шарқи Миёнаи Донишгоҳи Пенсилвания (Филаделфия, ИМА, 1994-1998) буд. Ӯ муҳаққиқи фалсафа, шарқшиносӣ ва фарҳангшиносӣ буда, ҳудуди 300 мақолаву осори илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ дар масоили фалсафии улуми табиатшиносӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм, проблемаи инсон ва кайҳон навиштааст. Осори ӯ “Инсон, атом, кайҳон”, “Кайҳон ва ҷараёни дониши инсон”, “Банди фалак”, “Аз устура ба илм”, “Файласуф ва кайҳоншиносии муосир” ва ғайра ба ӯ шӯҳрати фаротар аз Тоҷикистонро додаанд.
https://sputnik.tj/20200519/Ijozat-ba-olimi-tojik-baroi-sanjishi-doruyash-dar-bemoroni-COVID-19-dar-Avrupo-1031263464.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/43/1031324395_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_a25409726efab490b9244696b25159b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, иҷтимоъ, олим
дар тоҷикистон, фарҳанг, иҷтимоъ, олим
Хабари хуш: вазъи сиҳатии академик Акбар Турсун беҳбуд ёфтааст
Вазъи сиҳатии Акбар Турсун, яке аз чеҳраҳои маъруфи илми Тоҷикистон, ки аз маризии “вируси корона” ранҷ мебурд, беҳбуд ёфтааст
ДУШАНБЕ, 3 июл - Sputnik. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли наздикони ӯ гуфтанд, ки вазъи сиҳатиаш дар қиёс бо рӯзҳои гузашта беҳтар шуда, ҳоло озодона ҳарф мезанад.
“Устод қариб ду ҳафта ба ин сӯ бистарӣ буданд.Рӯзҳои аввал аз хориши гулӯ сурфаи хушк мезаданд ва бемадор шуда буданд. Ҳоло сурфаашон гум шуда, бемадориашон ҳам андак шудааст”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, "аз ҳамон оғоз Академияи улум барои табобаташон пизикшкони ботаҷрибаро эъзом кард ва онҳо муваффақ шуданд, то маризӣ ба шуши он кас нуфуз кунад".
Ба қавли ин манбаъ, Акбар Турсун дар манзили писари бузургаш дар шаҳри Душанбе табобат мегирад ва худро хуб ҳис мекунад.
Академик Акбар Турсун, доктори улуми фалсафа, яке аз чеҳраҳои намоёни илму фарҳанги Тоҷикистон аст, ки номаш дар қатори бузургоне, назири Лоиқ Шераливу Бозор Собир ва Муъмин Қаноат зикр мешавад.
Ӯ 82 сол дошта, ҳамоно бо пажӯҳишҳои илмӣ машғул аст. Акбар Турсун як замон директори Институти шарқшиносӣ (1986-1992) ва директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон (2011-2015) ва дар замони ҷанги шаҳрвандӣ муҳаққиқи Маркази таҳқиқоти Шарқи Миёнаи Донишгоҳи Пенсилвания (Филаделфия, ИМА, 1994-1998) буд.
Ӯ муҳаққиқи фалсафа, шарқшиносӣ ва фарҳангшиносӣ буда, ҳудуди 300 мақолаву осори илмӣ, илмию оммавӣ ва публисистӣ дар масоили фалсафии улуми табиатшиносӣ, ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, гносеологӣ ва аксиологии илм, проблемаи инсон ва кайҳон навиштааст.
Осори ӯ “Инсон, атом, кайҳон”, “Кайҳон ва ҷараёни дониши инсон”, “Банди фалак”, “Аз устура ба илм”, “Файласуф ва кайҳоншиносии муосир” ва ғайра ба ӯ шӯҳрати фаротар аз Тоҷикистонро додаанд.