https://sputnik.tj/20210702/zas-vaz-marz-kishvarho-saad-purshiddat-1040582622.html
Зас: вазъ дар марзҳои кишварҳои СААД пуршиддат боқӣ мондааст
Зас: вазъ дар марзҳои кишварҳои СААД пуршиддат боқӣ мондааст
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СААД Станислав Зас қайд кард, ки фишор ба кишварҳое, ки мехоҳанд сиёсати мустақилона пеш баранд, дар ҷаҳон афзоиш меёбад
2021-07-02T09:50+0500
2021-07-02T09:50+0500
2021-07-02T09:50+0500
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
сиёсат
амният ва мудофиа
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102782/32/1027823289_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_0d68cbaa04c16c7ad7ff9f1bb44a7d1d.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Вазъ дар тақрибан тамоми дарозои марзҳои давлатҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамчунон пуршиддат боқӣ мондааст, гуфт дабири кулли СПАД Станислав Зас зимни нишасти Ассамблеяи Парлумонӣ дар Душанбе. Ба гуфтаи ӯ, фишор болои кишварҳое, ки саъй доранд сиёсати мустақилро пеш баранд, афзоиш меёбад.Зас таъкид кард, ки вазъияти байналмилалӣ боиси хушбинӣ дар самти амнияти ҷаҳонӣ нест.Роҳбари СААД қайд кард, ки Ғарб фаъолона ҳузури низомии худро дар наздикии марзҳои СПАД бо истифода аз абзорҳои "ҷангҳои гибридӣ" ва технологияҳои "инқилобҳои ранга" афзоиш медиҳад. "Маъракаи густурдаи пешниҳоди иттилои дурӯғин васеъ бо истифода аз абзорҳои қалбакӣ оғоз ёфт. Дар натиҷа, вазъ тақрибан дар тамоми марзҳои кишварҳои узви СПАД пуршиддат боқӣ мондааст", - хулоса кард дабири кул. Ёдовар мешавем, ки 1 июл дар Душанбе ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии СПАД баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20210701/nigaronii-saad-amaliyot-nizomi-shimol-afghoniston-1040568666.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102782/32/1027823289_180:0:901:541_1920x0_80_0_0_5f7882ef701cee342f5e03561085c825.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зас вазъ марз кишварҳо саад пуршиддат
зас вазъ марз кишварҳо саад пуршиддат
Зас: вазъ дар марзҳои кишварҳои СААД пуршиддат боқӣ мондааст
Дабири кулли СААД Станислав Зас қайд кард, ки фишор ба кишварҳое, ки мехоҳанд сиёсати мустақилона пеш баранд, дар ҷаҳон афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Вазъ дар тақрибан тамоми дарозои марзҳои давлатҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамчунон пуршиддат боқӣ мондааст, гуфт дабири кулли СПАД Станислав Зас зимни нишасти Ассамблеяи Парлумонӣ дар Душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, фишор болои кишварҳое, ки саъй доранд сиёсати мустақилро пеш баранд, афзоиш меёбад.
Зас таъкид кард, ки вазъияти байналмилалӣ боиси хушбинӣ дар самти амнияти ҷаҳонӣ нест.
"Пандемия ва зарурати мубориза бо он мебоист ҷомеаи ҷаҳонро муттаҳид мекард ва зиддиятҳои мавҷударо ҳамвор месохт. Аммо, фишорҳо ба кишварҳое, ки саъй доранд сиёсати мустақилро пеш баранд, афзоиш меёбад", - гуфт ӯ.
Роҳбари СААД қайд кард, ки Ғарб фаъолона ҳузури низомии худро дар наздикии марзҳои СПАД бо истифода аз абзорҳои "ҷангҳои гибридӣ" ва технологияҳои "инқилобҳои ранга" афзоиш медиҳад.
"Маъракаи густурдаи пешниҳоди иттилои дурӯғин васеъ бо истифода аз абзорҳои қалбакӣ оғоз ёфт. Дар натиҷа, вазъ тақрибан дар тамоми марзҳои кишварҳои узви СПАД пуршиддат боқӣ мондааст", - хулоса кард дабири кул.
Ёдовар мешавем, ки 1 июл дар Душанбе ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии СПАД баргузор шуд.