https://sputnik.tj/20210701/nigaronii-saad-amaliyot-nizomi-shimol-afghoniston-1040568666.html
Нигаронии кишварҳои узви СААД аз амалиёти низомӣ дар шимоли Афғонистон
Нигаронии кишварҳои узви СААД аз амалиёти низомӣ дар шимоли Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон тамаркуз шуд
2021-07-01T16:16+0500
2021-07-01T16:16+0500
2021-07-01T16:16+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
изҳори нигаронӣ
саад
изҳорот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032992380_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_41896cad1d8ae9d08cbd9573c454f558.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД дар бораи вазъи Афғонистон изҳорот қабул кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Думаи давлатии Федератсияи Русия. Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин дар ҷаласа қайд кард, ки набояд вазъ дар наздикии марзҳои Тоҷикистон сарфи назар карда шавад. "Амалҳо дар марзи Тоҷикистон ҷараён доранд. Ману шумо бояд аз ҷониби худ ҳама чизро дар формати парлумонӣ кунем ва кумак расонем", - гуфт ӯИн созмон аз сатҳи баланди фаъолияти низомӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки дар натиҷаи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар ба амал омадааст, изҳори нигаронӣ кард. "Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД аз тамоми қавмиятҳо ва нерӯҳои сиёсии афғон даъват мекунад, ки барои пешрафти раванди сулҳ ва таъсиси Афғонистон ҳамчун давлати мустақил ва бетараф шароити мусоид фароҳам оранд", - омадааст дар хабар. Дар изҳорот инчунин гуфта мешавад, ки СААД амалҳои террористиро маҳкум карда, аз сатҳи баланди истеҳсоли маводи мухаддир изҳори нигаронӣ мекунад.Намояндагони кишварҳои ширкаткунанда омодагии худро барои кумак ба Афғонистон дар мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир иброз доштанд.
https://sputnik.tj/20210701/rusiya-tahdidhoi-terroristi-afghoniston-tojikiston-kumak-1040560376.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0c/1032992380_96:0:847:563_1920x0_80_0_0_573a106b145bbe808bb4224e68a355dd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нигаронӣ кишварҳо саад амалиёти низомӣ шимол афғонистон
нигаронӣ кишварҳо саад амалиёти низомӣ шимол афғонистон
Нигаронии кишварҳои узви СААД аз амалиёти низомӣ дар шимоли Афғонистон
Дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон тамаркуз шуд
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД дар бораи вазъи Афғонистон изҳорот қабул кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Думаи давлатии Федератсияи Русия.
Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин дар ҷаласа қайд кард, ки набояд вазъ дар наздикии марзҳои Тоҷикистон сарфи назар карда шавад.
"Амалҳо дар марзи Тоҷикистон ҷараён доранд. Ману шумо бояд аз ҷониби худ ҳама чизро дар формати парлумонӣ кунем ва кумак расонем", - гуфт ӯ
Ин созмон аз сатҳи баланди фаъолияти низомӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки дар натиҷаи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар ба амал омадааст, изҳори нигаронӣ кард.
"Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД аз тамоми қавмиятҳо ва нерӯҳои сиёсии афғон даъват мекунад, ки барои пешрафти раванди сулҳ ва таъсиси Афғонистон ҳамчун давлати мустақил ва бетараф шароити мусоид фароҳам оранд", - омадааст дар хабар.
Дар изҳорот инчунин гуфта мешавад, ки СААД амалҳои террористиро маҳкум карда, аз сатҳи баланди истеҳсоли маводи мухаддир изҳори нигаронӣ мекунад.
"Мо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла парлумонҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалии парлумониро даъват мекунем, ки ба хотири пешгирии вуруди паноҳҷӯёни афғон ба кишварҳои ҳамсоя кумаки башардӯстона ба Афғонистонро афзоиш диҳанд", - омадааст дар изҳорот.
Намояндагони кишварҳои ширкаткунанда омодагии худро барои кумак ба Афғонистон дар мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир иброз доштанд.