Замир Кобулов: кашолакории Кобулу Ғанӣ дар музокироти сулҳ ба фаъолшавии Толибон овард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкДиректор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов
Директор Второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Обуна шудан
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, дар бораи тасмим Амрико вобаста ба ҳузури низомӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ва мудири бахши дувуми Осиёи Вазорати хориҷаи Русия, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Sputnik Афғонистон, ҳамчунин мавқеъи Маскаво дар бораи вазъи кунунии Афғонистон, сабаби пешрафти бо суръати Толибон (мамнӯъ дар Русия) ва чаро Толибон ба ҷои оғози музокироти байни афғонҳо ба манотиқи мухталифи ин кишвар ҳуҷум карданд ибрози андешава кард.
Вай дар ҳамчунин дар ин мусоҳиба назари худро дар бораи зарурати назорати байналмилалии созишномаи Доҳа ва эътимоди Маскав ба Толибон (мамнӯъ дар Русия), бо суръат ба даст овардани қудрат ва омодагии Маскав барои баргузории конфронси байналмилалӣ байни Афғонистон баён кард.

Дурнамои ҳалли мушкилот бо роҳи сулҳ боқӣ мондааст

Вазъи кунунии амниятӣ, ки дар саросари Афғонистон имрӯзҳо шиддат гирифтааст ва ин ҳам маҳз аз мавқеъи пешгирифтаи Кобул вобастагӣ дорад – ҳоло вазъи ба таъхир андохтани оғози музокироти сулҳ байни афғонҳо ба миён омадааст.
Тақрибан якуним сол пеш, бо имзои созишномаи Амрико ва Толибон (мамнӯъ дар Русия) дар Доҳа дар моҳи феврали соли 2020, ҳукумати Ашраф Ғанӣ шонси воқеӣ дошт, ки ба хунрезӣ дар кишвараш хотима бахшад. Ба ҷои ин, раисҷумҳури Афғонистон ва тими ӯ бо баҳонаҳои гуногун ба раванди сулҳ халал расонданд (ва ин корро ҳоло ҳам идома медиҳанд).
Военнослужащие США на учениях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Ин ғайриимкон аст: Кобулов дар бораи ҷойгирсозии сарбозони амрикоӣ дар Тоҷикистон
Дар аввал онҳо ба иваз шудани қудрат дар Кохи Сафед ва тағйири қарори Вашингтон дар бораи хуруҷи нерӯҳо такя мекарданд. Вақте, ки мавқеи Амрико тағйир наёфт, мақомоти Афғонистон чизе ба ҷуз ҳифзи қудрад дар дасти худ фикр накарданд. Ин ба Толибон имкон дод, ки дар навбати худ аз бахши муҳими гуфтушунид саркашӣ кунанд ва ҳамзамон фишори низомиро афзоиш диҳанд.
Ҳоло, вақте ки хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ тақрибан ба итмом расид, мо бояд иқрор шавем, ки имкони хуберо мақомоти Афғонистон аз даст дод. Ҳоло ҳам дер нашудааст дурнамои ҳалли мушкилот бо роҳи сулҳ дар Афғонистон боқӣ мондааст.

Вазъ дар Афғонистон дар солҳои наздик ҳамчунон печида боқӣ хоҳад монд

Мо моил нестем, ки вазъи кишварро аз ҳадд мудҳиш хонем. Одатан дар фасли тобистон фаъолияти ҷангии ҷунбиши Толибон (мамнӯъ дар Русия) афзоиш меёбад ва то нимаи тирамоҳ он коҳиш меёбад.
Специальный представитель президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Кобулов: Толибон барои музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон омодаанд
Мо мебинем, ки бо вуҷуди муваффақиятҳои муайяни низомӣ дар як қатор минтақаҳо, ҷангҷӯён барои забт кардан ва аз ҳама муҳимаш, барои нигоҳ доштани шаҳрҳои калон ва марказҳои шаҳристон захираҳои кофӣ надоранд. Аз ин рӯ, дар ояндаи наздик, эҳтимолан дар соли оянда вазъ бидуни нуфузи бартарияти ҳеҷ кадом тарафе боқӣ хоҳад монд. Аммо, ин маънои онро надорад, ки артиши Афғонистон метавонанд дар солҳои оянда муқовимат нишон диҳанд. Ин аз бисёр омилҳо вобастагӣ дорад, аз ҷумла чӣ гуна маблағгузорони ғарбӣ ба ваъдаҳои молиявӣ ва дигар ваъдаҳои худ дар назди Кобул вафо мекунанд.

Эътимоди Русия ба ҷунбиши Толибон қабл аз вақт аст

Замир Кобулов, гуфт, ки эътимоди комили Маскав ба ҷунбиши Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) қабл аз вақт аст.

Ягона роҳи ҳалли мушкилот – ин бунёди ҳукумати нави эътилофӣ мебошад

Мо бар онем, ки ягона роҳи халосӣ аз бунбасти ҳозира дар Афғонистон, ин таъсиси Ҳукумати нави эътилофӣ бо иштироки намояндагони тамоми нерӯҳои бузургтарин этносиёсии кишвар, аз ҷумла ҷунбиши Толибон (мамнӯъ дар Русия) мебошад. Вале дар ин бора худи афғонҳо бояд гуфтушунид кунанд. Ҷомеаи байналмилалӣ кӯмаки мувофиқ мерасонад, аммо қарори ниҳоӣ дар бораи тағйирот ва сохторҳои ояндаи қудрат бояд аз ҷониби худи афғонҳо қабул карда шавад. Мо боварӣ дорем, ки то тирамоҳ, лаҳзаи муносиб барои оғози гуфтушунид фаро хоҳад расид.

Хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон набояд ба интиқоли инфрасохтори низомии Амрико ва НАТО ба кишварҳои ҳамсоя табдил ёбад

Вале ба ҳар сурат, мо бо истифода аз каналҳои худ ва ҳамчунон таомул бо амрикоиҳо, ба хусус бо намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод фориғ аз раванди хуруҷ аз Афғонистон мо як робитаи кории хубро ҳифз мекунем.
Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2019
Гуфтушунид бо Толибон дар Маскав: Кобулов гуфт, онҳо омодаи музокирот бо ИМА мебошанд
Ба ҳар ҳол, ин раванд наметавонад ва набояд барои эъзоми имконот зерсохти низомӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба вижа Осиёи Миёна табдил шавад. Мо қаблан чунин сигнолро дар сатҳи мухталиф ба Вашингтон ирсол кардем ва умедворем, ки шунида шудем.

Дар бораи зарурати даъват кардани конфронси байналмилалӣ ё муколамаи байни Афғонистон

"Мо ба ҳамкорӣ бо якдигар дар формати “Сегона”-и густариш ёфта бо мушорикати Русия, Амрико, Чин ва Покистон идома медиҳем. Мо даъват ба даври баъдии онро дар ояндаи наздик рад намекунем. Ҳачунон имкони баргузории нишасти баъдӣ дар формати Маскавро низ дар назар дорем. Ҳамон тавре, ки возеҳ аст, тамоми кишварҳои минтақаро масъалаи Афғонистон муттаҳид мекунад", - гуфт Замир Кобулов.
Ҷалби механизмҳои СММ, алахусус Шӯрои Амният, ба назари мо, дар марҳилаи баъдӣ - вақте ки ҷонибҳои Афғонистон аллакай ба имзои созишномаи сулҳ расидаанд, мувофиқи мақсад аст.
Лентаи хабарҳо
0