https://sputnik.tj/20210511/kobulov-tolibon-muzokirot-sulh-afghanistan-1039368961.html
Кобулов: Толибон барои музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон омодаанд
Кобулов: Толибон барои музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон омодаанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазъи Афғонистон шиддатнок боқӣ мемонад, аммо ҳарду ҷониб омодаанд робитаро барқарор намоянд
2021-05-11T16:10+0500
2021-05-11T16:10+0500
2021-05-11T16:10+0500
афғонистон
толибон
замир кобулов
осиёи марказӣ
музокирот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033066600_0:0:2908:1637_1920x0_80_0_0_94585debcbdfcf73412978a76959e850.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия оид ба Афғонистон, директори Департаменти дуюми Осиёи вазорати умури хориҷаи Русия, дар муколама бо хабаргузории ТАСС ҷараёни истиқрори сулҳ дар ин кишварро шарҳ дод.Кобулов гуфт, ки "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) омодаи музокирот барои ҳалли вазъи Афғонистон ҳастанд.""Толибон" ҳамчунон ба музокироти сулҳ содиқанд. Онҳо изҳороти муҳими сиёсӣ карданд, ки новобаста авлотар будани Афғонистон ҳамчун аморати исломӣ барои Толибон, онҳо афзалиятҳои худро бо зӯрӣ ба мардуми Афғонистон таҳмил нахоҳанд кард ва омодаи музокирот барои сохти давлатдорӣ дар оянда ҳастанд",- гуфт мақомдори рус.Вай қайд кард, ки ин изҳорот дар нишасти сегонаи васеъ дар Доҳа садо дод.Инчунин, намояндаи махсуси раисҷумҳури Русия қайд кард, ки кишвараш вазъи минтақаро бо диққат пайгирӣ мекунад ва омода аст бо Амрико дар ин росто муносибатҳои судмандро ба роҳ монанд.Кобулов афзуд, ки нишасти Маскав оид ба танзими вазъи Афғонистон ҳанӯз ба нақша гирифта нашудааст.
https://sputnik.tj/20190208/Kobulov-charo-Rusiya-dar-munoishaoi-Afoniston-betaraf-boshad--1028215132.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033066600_133:0:2862:2047_1920x0_80_0_0_38fec131c72907e46fa84967af63aea3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, музокира, сулҳ, русия, замир кобулов
афғонистон, толибон, музокира, сулҳ, русия, замир кобулов
Кобулов: Толибон барои музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон омодаанд
Вазъи Афғонистон шиддатнок боқӣ мемонад, аммо ҳарду ҷониб омодаанд робитаро барқарор намоянд
ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия оид ба Афғонистон, директори Департаменти дуюми Осиёи вазорати умури хориҷаи Русия, дар муколама бо хабаргузории ТАСС ҷараёни истиқрори сулҳ дар ин кишварро шарҳ дод.
Кобулов гуфт, ки "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) омодаи музокирот барои ҳалли вазъи Афғонистон ҳастанд.
""Толибон" ҳамчунон ба музокироти сулҳ содиқанд. Онҳо изҳороти муҳими сиёсӣ карданд, ки новобаста авлотар будани Афғонистон ҳамчун аморати исломӣ барои Толибон, онҳо афзалиятҳои худро бо зӯрӣ ба мардуми Афғонистон таҳмил нахоҳанд кард ва омодаи музокирот барои сохти давлатдорӣ дар оянда ҳастанд",- гуфт мақомдори рус.
Вай қайд кард, ки ин изҳорот дар нишасти сегонаи васеъ дар Доҳа садо дод.
Инчунин, намояндаи махсуси раисҷумҳури Русия қайд кард, ки кишвараш вазъи минтақаро бо диққат пайгирӣ мекунад ва омода аст бо Амрико дар ин росто муносибатҳои судмандро ба роҳ монанд.
Кобулов афзуд, ки нишасти Маскав оид ба танзими вазъи Афғонистон ҳанӯз ба нақша гирифта нашудааст.