Раҳмон қонуни авфро имзо кард: шонс ба пулдорҳое, ки дороияшон дар хориҷ аст

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон зери қонун "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" имзо гузошт
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қонун "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон" имзо гузошт, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.
Ёдрас мешавем, пештар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар як ҷаласа қонуни мазкурро баррасӣ кард.
Тавре дафтари матбуоти президент менависад, қонуни мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёт, таъмини шаффофият, бозгардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ ва фаъол гардидани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ қабул шудааст.
Глава парламента Республики Таджикистан Махмадтуар Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Афв танҳо як бор ва бо дастури Раҳмон: қабули санади қонунигардонии дороиҳо дар Тоҷикистон
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дороиҳо ва маблағҳои худро мутобиқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои ба ин дороиҳо ва маблағҳо алоқаманд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ озод карда мешаванд.
Ҳамчунин, мувофиқи ин қонун дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ва дар давлатҳои хориҷӣ ҷойгиранд, қаблан аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда, дар эъломия расман нишон дода нашуда буданд, тавассути сармоягузории маблағҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, қонунӣ гардонида мешавад.
Қонун барои онҳо имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатиро пешбинӣ менамояд.
Шарҳи пурраи қонуни авф дар матбуот нашр мешавад.
Лентаи хабарҳо
0