https://sputnik.tj/20210629/dasturi-rahmon-qabuli-sanadi-qonunigardonii-doroiho-tojikiston-1040520939.html
Афв танҳо як бор ва бо дастури Раҳмон: қабули санади қонунигардонии дороиҳо дар Тоҷикистон
Афв танҳо як бор ва бо дастури Раҳмон: қабули санади қонунигардонии дороиҳо дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадаф аз қабули Қонун ин фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгардонии дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.
2021-06-29T17:24+0500
2021-06-29T17:24+0500
2021-06-29T17:45+0500
дар тоҷикистон
қонун
авф
дороӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032986026_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_92808ea6ef2cfb0647b6c22159b8c577.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, гузориш медиҳад дафтари матбуоти Маҷлис.Дар он лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасӣ қарор гирифт.Лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.Лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати амалӣ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ва аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаина оид ба авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таҳия гардидааст.Ҳадаф аз қабули Қонун ин фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгардонии дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.Дигар дороиҳои шаҳрвандон тавассути пешниҳоди эъломияи ихтиёрии онҳо ва қонунигардонии молу мулки ғайриманқули шахсӣ ва дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаи шаҳрвандон метавонанд қонунӣ карда шаванд."Қитъаи замин бо риояи қонунгузорӣ, зери сохтмон вобастагардида, мутобиқи таъиноти қитъаи замин ва меъёру қоидаҳои сохтмон худсарона сохта шуда, нисбати он ҳуҷҷати муайянкунандаи ҳуқуқи моликият гирифта нашудааст, бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссия метвонад қонунӣ гардонида шавад",- омадааст дар иттилои манбаъ.Комиссия оид ба қонунигардонии дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ноҳия ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе ташкил мегардад.Лоиҳаи Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
https://sputnik.tj/20210621/talab-rustam-emomali-rahmon-nazorat-qonunguzorii-tanzim-1040341446.html
https://sputnik.tj/20210622/andoz-daromad-sarvatmandon-ziyod-1040369374.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0b/1032986026_53:0:872:614_1920x0_80_0_0_39a4fa00bd7299036c89a8108d6f8909.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
авф қонун
Афв танҳо як бор ва бо дастури Раҳмон: қабули санади қонунигардонии дороиҳо дар Тоҷикистон
17:24 29.06.2021 (Навсозишуда: 17:45 29.06.2021) Лоиҳаи қонун "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, гузориш медиҳад дафтари матбуоти Маҷлис.
Дар он лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати амалӣ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ва аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаина оид ба авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Ҳадаф аз қабули Қонун ин фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгардонии дороиҳо, маблағҳо ва ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ, таъмини шаффофият, коҳиш додани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ ва фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.
Дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ва дар давлатҳои хориҷӣ ҷойгиранд, қаблан аз гардиши қонунии иқтисодӣ бароварда, дар эъломия расман нишон дода нашуда буданд, тавассути сармоягузории маблағҳо ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон, қонунӣ гардонида мешавад.
Дигар дороиҳои шаҳрвандон тавассути пешниҳоди эъломияи ихтиёрии онҳо ва қонунигардонии молу мулки ғайриманқули шахсӣ ва дар фаъолияти соҳибкорӣ истифодашавандаи шаҳрвандон метавонанд қонунӣ карда шаванд.
"Қитъаи замин бо риояи қонунгузорӣ, зери сохтмон вобастагардида, мутобиқи таъиноти қитъаи замин ва меъёру қоидаҳои сохтмон худсарона сохта шуда, нисбати он ҳуҷҷати муайянкунандаи ҳуқуқи моликият гирифта нашудааст, бо роҳи пешниҳоди ариза ба комиссия метвонад қонунӣ гардонида шавад",- омадааст дар иттилои манбаъ.
Комиссия оид ба қонунигардонии дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ноҳия ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе ташкил мегардад.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.