Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Маскав дар як шабонарӯз 700 муҳоҷири меҳнатӣ аз коронавирус эм мешавад

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкВакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ "Садовод"
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Обуна шудан
Дар маркази савдои “Садовод” дар як рӯз тақрибан 700 муҳоҷир аз коронавирус эм мешаванд
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Инна Святенко, раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба сиёсати иҷтимоӣ, сенатор аз Маскав гуфт, ки дар як рӯз тақрибан 700 муҳоҷири меҳнатӣ аз коронавирус эм мешаванд.
Ин маълумот дар бораи он муҳоҷирони меҳнатие рабт дорад, ки барои эмгузаронӣ ба маркази савдои "Садовод" -и Маскав меоянд.
"Ин яке аз маъруфтарин маркази тиҷоратӣ барои шаҳрвандони хориҷи наздик аст", - гуфт Святенко.
Бояд қайд кард, ки маъракаи эмгузаронии муҳоҷирони меҳнатӣ ҳафтаи гузашта оғоз ёфта буд. Яке аз ду нуқтае, ки муҳоҷирон дар он метавонанд эм шаванд ин бозори “Садовод” аст.
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мулоқот бо Мэтт Марри, муовини ёвари котиби давлатии ИМА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Pfizer ва Moderna: Тоҷикистон аз Амрико ваксина хост
Инчунин, нуқтаи эмгузаронӣ дар Маркази ягонаи муҳоҷиратии Сахарово низ кушода шудаааст. Ҳар як шахс имкон дорад бо ваксинаи "Sputnik Light" эм шавад.
Арзиши ваксина 1300 рублро ташкил медиҳад, ин ҳам дар ҳолест, ки пули ваксинаро бояд корфармо пардохт намояд. Баъд аз эмшавӣ ба муҳоҷири меҳнатӣ шаҳодатнома медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки бо дастури Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ваксинагирии пулакӣ барои ҳама шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ дастрас аст.
Лентаи хабарҳо
0