https://sputnik.tj/20210702/pfizer-moderna-tojikiston-amriko-vaksina-1040598685.html
Pfizer ва Moderna: Тоҷикистон аз Амрико ваксина хост
Pfizer ва Moderna: Тоҷикистон аз Амрико ваксина хост
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳида хостааст, ки барои дастрас кардани ваксинаҳои навъи Pfizer ва Moderna мусоидат кунад
2021-07-02T16:32+0500
2021-07-02T16:32+0500
2021-07-07T17:50+0500
дар тоҷикистон
амрико
тандурустӣ
ваксина
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040598066_0:263:988:819_1920x0_80_0_0_4f6d22a4052bd498c002a1d694575692.png
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Ин пешниҳод 1 июли соли равон аз сӯи Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мулоқот бо Мэтт Марри, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури иқтисод ва тиҷорат дар шаҳри Вашингтон ироа шудааст. Дар бораи теъдод ва ҳам маблағи ваксина иттилое аз ин беш нест. Дар ҳамин ҳол, Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ҳамчунин пешниҳод огоҳӣ надорад, аммо онро ҷонибдорӣ мекунад.Тоҷикистон моҳи марти соли равон 192 ҳазор вояи ваксинаи АстраЗенекаи бритониёиро аз Ҳинд ва 300 ҳазор вояи “КоронаВак” – ро аз Чин ворид кардааст. Масъалаи дарёфти ваксинаи “Спутник V” – и Русия ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.Дар ҳамин ҳол, пештар Вазорати тандурустӣ шумораи нафаронеро, ки дар Тоҷикистон ваксин гирифтаанд, эълон кард.Ҳамин тавр, дар умум дар кишвар беш аз 205 ҳазор нафар алайҳи маризии коронавирус ваксин гирифтанд.То 27 июни соли ҷорӣ дасти кам 205 619 нафар барои эмин доштани саломатии худ бо ваксинҳои дастрасшуда эмгузаронӣ шуданд. Дар марҳилаи дуюми эмгузаронӣ беш аз 18 029 нафар ваксин гирифтанд. Дар Тоҷикистон чанд нафар ваксин гирифтанд: посухи вазоратДар марҳилаи аввал пизишкону омӯзгорон, маризон ва нафарони аз 60 - сола боло бо ваксин таъмин карда шуданд. Баъди ворид шудани вояи чинӣ дар Тоҷикистон эмгузаронии афроди аз 18 - сола боло низ пиёда гардид.
https://sputnik.tj/20210701/vaksingir-epivakkrona-rusiya-mavquf-1040575511.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040598066_0:170:988:911_1920x0_80_0_0_dcd30e57071125f04f2f065f82fe2760.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваксин тоҷикистон амрико
Pfizer ва Moderna: Тоҷикистон аз Амрико ваксина хост
16:32 02.07.2021 (Навсозишуда: 17:50 07.07.2021) Тоҷикистон аз Иёлоти Муттаҳида хостааст, ки барои дастрас кардани ваксинаҳои навъи Pfizer ва Moderna мусоидат кунад
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Ин пешниҳод 1 июли соли равон аз сӯи Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мулоқот бо Мэтт Марри, муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури иқтисод ва тиҷорат дар шаҳри Вашингтон ироа шудааст.
Дар бораи теъдод ва ҳам маблағи ваксина иттилое аз ин беш нест.
Дар ҳамин ҳол, Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ҳамчунин пешниҳод огоҳӣ надорад, аммо онро ҷонибдорӣ мекунад.
“Тамоми идораҳое, ки имкон доранд, метавонанд барои ҷалби ваксина аз кишварҳои тавлидгари хориҷӣ талош ба харҷ диҳанд. Ҳамчунин як супориш аз сӯи ҳукумати кишвар низ ҳаст”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Тоҷикистон моҳи марти соли равон 192 ҳазор вояи ваксинаи АстраЗенекаи бритониёиро аз Ҳинд ва 300 ҳазор вояи “КоронаВак” – ро аз Чин ворид кардааст.
Масъалаи дарёфти ваксинаи “Спутник V” – и Русия ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, пештар Вазорати тандурустӣ шумораи нафаронеро, ки дар Тоҷикистон ваксин гирифтаанд, эълон кард.
Ҳамин тавр, дар умум дар кишвар беш аз 205 ҳазор нафар алайҳи маризии коронавирус ваксин гирифтанд.
То 27 июни соли ҷорӣ дасти кам 205 619 нафар барои эмин доштани саломатии худ бо ваксинҳои дастрасшуда эмгузаронӣ шуданд. Дар марҳилаи дуюми эмгузаронӣ беш аз 18 029 нафар ваксин гирифтанд.
Дар марҳилаи аввал пизишкону омӯзгорон, маризон ва нафарони аз 60 - сола боло бо ваксин таъмин карда шуданд.
Баъди ворид шудани вояи чинӣ дар Тоҷикистон эмгузаронии афроди аз 18 - сола боло низ пиёда гардид.