Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон вазъи марз бо Афғонистонро баррасӣ кард

© AP / Mirwais KhanЧлены террористического движения "Талибан" в Афганистане
Члены террористического движения Талибан в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2021
Обуна шудан
Котиби давлатии ИМА дар Вашингтон бо вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 2 июл - Sputnik. Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамтои ӯзбеки ӯ Абдулазиз Комилов дар Вашингтон гуфтушунид карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Департаменти давлатӣ.
Блинкен ба мавзӯи суботи минтақавӣ ва ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон дахл карда, ӯҳдадориҳои ИМА-ро дар таъмини амният ва суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ бори дигар тасдиқ кард.
Вай инчунин ибрози умедворӣ кардааст, ки иртиботи се кишвар идома ёбад.
Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: бақои Афғонистон дар хатар аст
Таъкид шудааст, ки котиби давлатӣ даври ҳаштуми машваратҳои солонаи дуҷонибаи Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистонро, ки дар Департаменти давлатӣ баргузор шудааст, истиқбол кард.
Илова бар ин, Блинкен ба Сироҷиддин Муҳриддин "барои роҳбарии бемайлонаш дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ" изҳори миннатдорӣ кард.
Котиби давлатӣ хости Иёлоти Муттаҳидаро барои "ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар самти пешбурди ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ, инчунин рушди иқтисодӣ эълом карда, бори дигар тааҳҳуди Амрикоро ба амният, субот ва тамомияти арзии Тоҷикистон таъйид кардааст".
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Амрико инчунин илова кард, ки дар мулоқот мавзӯъҳои озодии эътиқод, мубориза бо қочоқи инсон, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкории байни кишварҳо баррасӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0