https://sputnik.tj/20210511/farbehii-kudakon-dar-tojikistonro-1039360230.html
СҶБ сатҳи фарбеҳии кӯдакон дар Тоҷикистонро арзёбӣ кард
СҶБ сатҳи фарбеҳии кӯдакон дар Тоҷикистонро арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт маълумот дар бораи сатҳи фарбеҳии кӯдакон дар ҷаҳонро пешниҳод кард
2021-05-11T13:00+0500
2021-05-11T13:00+0500
2021-05-11T13:31+0500
дар ҷаҳон
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
вазни зиёдатӣ
кӯдакон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102452/33/1024523318_0:154:2017:1289_1920x0_80_0_0_6e3b08c9e888128cb4d51d4ff2997905.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар гузориши Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт омадааст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи пасти фарбеҳии кӯдакон сабт шудааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон вазни зиёдатӣ дар 5-12% кӯдакон ба қайд гирифта шудааст. Дар айни замон, тақрибан 5% аз фарбеҳӣ азият мекашанд. Чунин нишондиҳандаҳо дар Қирғизистон ва Туркманистон низ ба қайд гирифта шуданд. Ҳамзамон, СҶБ аз афзоиши фарбеҳии кӯдакон дар ҷаҳон дар замони пандемияи коронавирус нигарон аст. Гузоришгарон гуфтаанд, ки ҳар се кӯдаки аз 6 то 9-сола дар якчанд кишвари Урупо вазни зиёдатӣ дорад ё фарбеҳ аст. Сатҳи баландтарин дар кишварҳои баҳри Миёназамин ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар Кипр, Юнон, Испания ва Италия - 40% кӯдакон вазни зиёдатӣ доранд.
https://sputnik.tj/20210328/Vazorati-tandurust-sababi-falaj-Tojikiston-1033088046.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102452/33/1024523318_0:0:2017:1514_1920x0_80_0_0_06dd5f6d4bd67d61da4d6cda642ad7d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҷб, вазни зиёдатӣ, фарбеҳӣ, кӯдакон
сҷб, вазни зиёдатӣ, фарбеҳӣ, кӯдакон
СҶБ сатҳи фарбеҳии кӯдакон дар Тоҷикистонро арзёбӣ кард
13:00 11.05.2021 (Навсозишуда: 13:31 11.05.2021) Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт маълумот дар бораи сатҳи фарбеҳии кӯдакон дар ҷаҳонро пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар гузориши Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт омадааст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи пасти фарбеҳии кӯдакон сабт шудааст.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон вазни зиёдатӣ дар 5-12% кӯдакон ба қайд гирифта шудааст.
Дар айни замон, тақрибан 5% аз фарбеҳӣ азият мекашанд.
Чунин нишондиҳандаҳо дар Қирғизистон ва Туркманистон низ ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамзамон, СҶБ аз афзоиши фарбеҳии кӯдакон дар ҷаҳон дар замони пандемияи коронавирус нигарон аст.
Гузоришгарон гуфтаанд, ки ҳар се кӯдаки аз 6 то 9-сола дар якчанд кишвари Урупо вазни зиёдатӣ дорад ё фарбеҳ аст.
"COVID-19 метавонад ба фарбеҳшавии кӯдакон сабаб шавад. Вазни зиёдатӣ мустақиман ба бемориҳои ғайрисироятӣ, аз қабили бемориҳои дилу раг, диабет ва саратон, бевосита алоқаманд аст", - шарҳ дод директори минтақавии СҶБ дар Урупо Ҳанс Клуге.
Сатҳи баландтарин дар кишварҳои баҳри Миёназамин ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷумла, дар Кипр, Юнон, Испания ва Италия - 40% кӯдакон вазни зиёдатӣ доранд.