https://sputnik.tj/20210622/asht-400-tonna-mevai-ta-rusiya-qazoqiston-1040357555.html
Аз ноҳияи Ашт 400 тонна меваи тар ба Русия ва Қазоқистон содир гардид
Аз ноҳияи Ашт 400 тонна меваи тар ба Русия ва Қазоқистон содир гардид
Sputnik Тоҷикистон
Дар давоми шашм оҳ аз ноҳияи Ашт ба Қазоқистон ва Русия наздики 400 тонна мева содирот шудааст
2021-06-22T13:00+0500
2021-06-22T13:00+0500
2021-06-22T13:31+0500
дар тоҷикистон
содирот
ашт
мева
иҷтимоъ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/06/1031689926_0:157:3083:1891_1920x0_80_0_0_7c7217a69952e95adbb2bb6137f1312c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Аз моҳи январ то нимаи моҳи июни соли равон, кишоварзони ноҳияи Ашт ба Русия ва Қазоқистон 392,5 тонна мева содир кардаанд.Дар ин бора Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт ба рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" иттилоъ додааст.Ба иттилои манбаъ ҳамзамон, ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар низ тоҷирон меваҳои тарро интиқол дода истодаанд. Ҳамакнун содироти зардолуи пешпазаки ноҳия ба итмом расида, ҳоло вақти ба бозор баровардани меваи гелос фаро расидааст. Гуфта мешавад, ки дар 9 ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ дарахти гелосро парвариш мекунанд. Манбаъ афзуда, ки ин намуди мева дар ноҳияи Ашт хеле зиёд буда, содироти гелос то охири моҳи июн идома меёбад.
https://sputnik.tj/20190127/Kohishi-sodiroti-meva-namak-va-alyuminiy-dar-Tojikiston-1028093679.html
ашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/06/1031689926_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_d2b92b8f7bfbb332efbf45c7d35dbade.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содирот, ашт, меваи тар, русия, қазоқистон
содирот, ашт, меваи тар, русия, қазоқистон
Аз ноҳияи Ашт 400 тонна меваи тар ба Русия ва Қазоқистон содир гардид
13:00 22.06.2021 (Навсозишуда: 13:31 22.06.2021) Дар давоми шаш моҳ аз ноҳияи Ашт ба Қазоқистон ва Русия наздики 400 тонна мева содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Аз моҳи январ то нимаи моҳи июни соли равон, кишоварзони ноҳияи Ашт ба Русия ва Қазоқистон 392,5 тонна мева содир кардаанд.
Дар ин бора Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт ба рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" иттилоъ додааст.
"Аз ин миқдор меваи содиротгашта, 295,8 тонна зардолу, 67,9 тонна гелос, 10 тонна себ, 1,3 тонна шафтолу ва 17,5 тонна олу мебошад", - омадааст дар хабарнома.
Ба иттилои манбаъ ҳамзамон, ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар низ тоҷирон меваҳои тарро интиқол дода истодаанд.
Ҳамакнун содироти зардолуи пешпазаки ноҳия ба итмом расида, ҳоло вақти ба бозор баровардани меваи гелос фаро расидааст.
Гуфта мешавад, ки дар 9 ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ дарахти гелосро парвариш мекунанд.
Манбаъ афзуда, ки ин намуди мева дар ноҳияи Ашт хеле зиёд буда, содироти гелос то охири моҳи июн идома меёбад.