https://sputnik.tj/20210630/malum-shud-vladimir-putin-bo-kadom-namudi-vaksina-em-karda-shud-1040540273.html
Маълум шуд, Владимир Путин бо кадом намуди ваксина эм карда шуд
Маълум шуд, Владимир Путин бо кадом намуди ваксина эм карда шуд
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин зимни суҳбати мустақим бо мардуми Русия гуфт ӯ бо ваксинаи сохти русии "Спутник V" эм карда шудааст.
2021-06-30T14:42+0500
2021-06-30T14:42+0500
2021-06-30T16:03+0500
мустақим
владимир путин
суҳбат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040539908_0:0:3194:1798_1920x0_80_0_0_57ab5aca79ca289a153ba685ed1e6954.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Владимир Путин зимни суҳбати мустақим бо мардуми Русия гуфт ӯ бо ваксинаи сохти русии "Спутник V" эм карда шудааст. Путин хотиррасон кард, ки вай моҳи феврали соли 2021, замоне, ки ду навъи ваксина - "ЭпиВакКорона" ва "Спутник V" дар гардиш буданд, ваксин гирифта буд.Президент қайд кард, ки дар ибтидо аз ӯ хоҳиш карданд, ки бо кадом ваксина эм шуданашро ифшо накунад, то рақобат пайдо нагардад. Дар ҳамин ҳол, Путин иқрор шуд, ки чун Фармондеҳи олии Федератсияи Русия бо ваксинаи "Спутник V" эм карда шудааст.Ӯ афзуд, шоми рӯзи гузаронидани сӯзандоруи дуюми ваксин, ҳарорати баданаш 37,2 буду субҳи дигар 36,6 шуд.Ёдрас мешавем, ки Владимир Путин 18 -ум бор имрӯз бо мардуми Русия мустақиман суҳбат мекунад.Бори аввал президенти Русия соли 2001 бо мардум мустақиман гуфтугӯ кард. Аз он сол ба ин сӯ ҳамасола ин маросим баргузор мешавад.Дар маҷмӯъ, Путин аз сокинони Русия беш аз 1,5 миллион дархост дарёфт кардааст.Тӯлонитарин суҳбати мустақим бо Владимир Путин соли 2010 сурат гирифтааст. Он замон президент бо аҳолӣ мустақиман 4 соату 25 дақиқа сӯҳбат кард ва ба 88 савол посух дод.
https://sputnik.tj/20210630/putin-qarantini-dubora-1040539193.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040539908_465:0:3194:2047_1920x0_80_0_0_498a320cb5d922e0729916ce3f8c2d39.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, президент, ваксина, эмгузаронӣ,русия
владимир путин, президент, ваксина, эмгузаронӣ,русия
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Владимир Путин зимни суҳбати мустақим бо мардуми Русия гуфт ӯ бо ваксинаи сохти русии "Спутник V" эм карда шудааст.
Путин хотиррасон кард, ки вай моҳи феврали соли 2021, замоне, ки ду навъи ваксина - "ЭпиВакКорона" ва "Спутник V" дар гардиш буданд, ваксин гирифта буд.
Президент қайд кард, ки дар ибтидо аз ӯ хоҳиш карданд, ки бо кадом ваксина эм шуданашро ифшо накунад, то рақобат пайдо нагардад.
Дар ҳамин ҳол, Путин иқрор шуд, ки чун Фармондеҳи олии Федератсияи Русия бо ваксинаи "Спутник V" эм карда шудааст.
"Замоне ман алайҳи вируси корона эм карда шудам, дар гардиш ду ваксина буд, ҳарду ҳам хубанд. Ман ҳангоми интихоб бо пизишкон маслиҳат накардам. Барои ман ҳифзи дарозмуддат лозим буд", - шарҳ дод Владимир Путин.
Ӯ афзуд, шоми рӯзи гузаронидани сӯзандоруи дуюми ваксин, ҳарорати баданаш 37,2 буду субҳи дигар 36,6 шуд.
Ёдрас мешавем, ки Владимир Путин 18 -ум бор имрӯз бо мардуми Русия мустақиман суҳбат мекунад.
Бори аввал президенти Русия соли 2001 бо мардум мустақиман гуфтугӯ кард. Аз он сол ба ин сӯ ҳамасола ин маросим баргузор мешавад.
Дар маҷмӯъ, Путин аз сокинони Русия беш аз 1,5 миллион дархост дарёфт кардааст.
Тӯлонитарин суҳбати мустақим бо Владимир Путин соли 2010 сурат гирифтааст. Он замон президент бо аҳолӣ мустақиман 4 соату 25 дақиқа сӯҳбат кард ва ба 88 савол посух дод.