https://sputnik.tj/20210701/qonun-rusiya-naqsh-ijshs-dar-jbv-1040576601.html
Путин дар бораи нақши ИҶШС дар ҶБВ қонуни нав имзо кард: аз Олмон қаҳрамон натарошед
Путин дар бораи нақши ИҶШС дар ҶБВ қонуни нав имзо кард: аз Олмон қаҳрамон натарошед
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки ошкоргӯӣ дар бораи нақши ИҶШС ва Олмони фашистиро дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон манъ мекунад.
2021-07-01T19:00+0500
2021-07-01T19:00+0500
2021-07-01T19:00+0500
сиёсат
қонун
владимир путин
ҷбв
лоиҳа
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040548952_0:0:3309:1862_1920x0_80_0_0_17f71fbff51756c2a2ba91f6036b1c7e.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки баробарсозии нақши ИҶШС ва Олмони фашистиро дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон манъ мекунад. Ҳамин тавр, тағйирот ба қонун "Дар бораи абадӣ гардондани Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" ворид карда шуд. Ҳуҷҷат дар торномаи расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.Лоиҳа мутобиқи дастурҳои Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои фарҳанг ва санъати назди президент омода шудааст. Роҳбари Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба фарҳанг Елена Ямполская, ноиби якуми раиси палатаи поёнӣ Александр Жуков ва сенатор Алексей Пушков ин тарҳро барои баррасии вакилон пешниҳод карданд. Дар шарҳи ин санад гуфта мешавад, ки вақтҳои охир дар расонаҳо, аз ҷумла ВАО - и Русия, изҳороти беасоси таҳқиромез нашр ва пахш мешаванд, ки дар онҳо ҳадафҳо, қарорҳо ва амалҳои роҳбарият, ҳайати фармондеҳӣ ва низомии Шӯравӣ бо ҷиноятҳои сарбозони фашистӣ ва вермахт баробар карда мешавад."Мо омехта ё муайян кардани амалҳои муҳофизони Ватан, онҳоеро, ки ҷони худро дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолият қурбон карданд, бо амали сарбозони истилогар, онҳое, ки ба нобуд кардани халқҳо машғул буданд, шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ҳукми Трибунали ҳарбии байналмилалӣ оид ба мурофиа ва ҷазо додани ҷинояткорон (трибунали Нюрберг) гунаҳкор дониста шудаанд, қатъиян ғайриқобили қабул меҳисобем", - гуфтанд, муаллифони лоиҳа. Ба ақидаи онҳо, ин қонун барои ноаён кардани корнамоии мардуми шӯравӣ имкон намедиҳад. Ҳамзамон, имкони баҳсҳои илмӣ ва таҳқиқоти мавзӯъ боқӣ мемонад.Ҳоло барои нақзи ин қонун таҳримҳо муқаррар нашудаанд. Олмон 22 июни соли 1941 ба ИҶШС ҳамла кард. Муқовимат 1418 рӯз давом кард ва бо шикасти кишварҳои блоки фашистӣ ба поён расид. Қурбониёни ин ҳодисаи хунин, тақрибан 26,6 миллион шаҳрвандони шӯравӣ буданд, ки ин 40 фоизи тамоми талафоти Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20210630/putin-esminets-britoniyo-qrim-1040543961.html
https://sputnik.tj/20210509/putin-sahm-tojikon-dar-jbv-arzyobi-1039327782.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1e/1040548952_295:0:3026:2048_1920x0_80_0_0_5a3a22a4b71c0adb5f954a7c14c04380.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷбв, қонун, лоиҳа, нақш
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки баробарсозии нақши ИҶШС ва Олмони фашистиро дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон манъ мекунад.
Ҳамин тавр, тағйирот ба қонун "Дар бораи абадӣ гардондани Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" ворид карда шуд.
Ҳуҷҷат дар торномаи расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Лоиҳа мутобиқи дастурҳои Путин пас аз ҷаласаи Шӯрои фарҳанг ва санъати назди президент омода шудааст.
Роҳбари Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба фарҳанг Елена Ямполская, ноиби якуми раиси палатаи поёнӣ Александр Жуков ва сенатор Алексей Пушков ин тарҳро барои баррасии вакилон пешниҳод карданд.
Дар шарҳи ин санад гуфта мешавад, ки вақтҳои охир дар расонаҳо, аз ҷумла ВАО - и Русия, изҳороти беасоси таҳқиромез нашр ва пахш мешаванд, ки дар онҳо ҳадафҳо, қарорҳо ва амалҳои роҳбарият, ҳайати фармондеҳӣ ва низомии Шӯравӣ бо ҷиноятҳои сарбозони фашистӣ ва вермахт баробар карда мешавад.
"Мо омехта ё муайян кардани амалҳои муҳофизони Ватан, онҳоеро, ки ҷони худро дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолият қурбон карданд, бо амали сарбозони истилогар, онҳое, ки ба нобуд кардани халқҳо машғул буданд, шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ҳукми Трибунали ҳарбии байналмилалӣ оид ба мурофиа ва ҷазо додани ҷинояткорон (трибунали Нюрберг) гунаҳкор дониста шудаанд, қатъиян ғайриқобили қабул меҳисобем", - гуфтанд, муаллифони лоиҳа.
Ба ақидаи онҳо, ин қонун барои ноаён кардани корнамоии мардуми шӯравӣ имкон намедиҳад.
Ҳамзамон, имкони баҳсҳои илмӣ ва таҳқиқоти мавзӯъ боқӣ мемонад.
Ҳоло барои нақзи ин қонун таҳримҳо муқаррар нашудаанд.
Олмон 22 июни соли 1941 ба ИҶШС ҳамла кард. Муқовимат 1418 рӯз давом кард ва бо шикасти кишварҳои блоки фашистӣ ба поён расид. Қурбониёни ин ҳодисаи хунин, тақрибан 26,6 миллион шаҳрвандони шӯравӣ буданд, ки ин 40 фоизи тамоми талафоти Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро ташкил медиҳад.