https://sputnik.tj/20210630/putin-esminets-britoniyo-qrim-1040543961.html
"Иғво аст": Путин дар бораи эсминетси Бритониё дар Қрим
"Иғво аст": Путин дар бораи эсминетси Бритониё дар Қрим
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин қазияи ворид шудани эсминетси бритониёиро ба қаламрави Русия, шарҳ дод
2021-06-30T16:25+0500
2021-06-30T16:25+0500
2021-06-30T18:18+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
ҷанг
владимир путин
бритониё
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408594_0:172:3028:1875_1920x0_80_0_0_4eac5530ed65ccf31fcfc6d80d284c93.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Владимир Путин зимни суҳбати мустақим бо мардуми Русия, ворид шудани киштии бритониёии "Defender" - ро ба обҳои ҳудуди Русия иғво номид. Президент қайд кард, ки эсминетси Бритониё ҳадафҳои низомиро дар наздикии марзҳои Русия дунбол мекард. "Мушоҳида мекарданд, дар кадом минтақа чӣ чиз ба кор медарояд. Мо инро медонистем ва танҳо он чизеро нишон додем, ки лозим буд", - шарҳ дод президент.Ба гуфти Путин, воридшавии эсминетси Бритониё ба Баҳри Сиёҳ, маънои оғози ҷанги сеюми ҷаҳонро надорад.Вай таъкид кард, ки ҳатто агар киштӣ нест мешуд ҳам, муноқишаи мусаллаҳона о-оз намешуд.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 июн киштии бритониёии "Defender" марзи Русияро дар Баҳри Сиёҳ рахна кард. Киштӣ ҳушдори киштии ҷангии Хадамоти марзбонии ФСБ-ро сарфи назар карда, ба обҳои ҳудудии Русия ворид шуд. Дар ин робита, марзбонони Русия ба сӯи киштии бритониёии "Defender" дар минтақаи Кейп Фиоленти Қрим оташи огоҳӣ кушоданд ва сипас бомбаборон карданд. Танҳо пас аз он эсминетс рӯй гардонида, қаламрави Русияро тарк кард.Владимир Путин 18 -умин бор, бо мардуми Русия мустақиман суҳбат мекунад. Бори аввал президенти Русия соли 2001 бо мардум гуфтугӯ карда буд. Аз он сол ба ин сӯ ҳамасола ин маросим баргузор мешавад.Дар маҷмӯъ, Путин аз сокинони Русия беш аз 1,5 миллион дархост дарёфт кардааст. Тӯлонитарин суҳбати мустақим бо Владимир Путин соли 2010 сурат гирифтааст. Он замон президент бо аҳолӣ мустақиман 4 соату 25 дақиқа суҳбат кард ва ба 88 савол посух дод.
https://sputnik.tj/20210628/rusiya-esmints-britoniyoi-shadidan-posuh-1040493550.html
https://sputnik.tj/20210127/Esminets-IMA-Rusia-Bahri-Siyoh-1032708597.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/18/1040408594_150:0:2879:2047_1920x0_80_0_0_1a0738561d2cd056e145acdcb438555d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, эсминетс, бритониё, иғво
путин, эсминетс, бритониё, иғво
"Иғво аст": Путин дар бораи эсминетси Бритониё дар Қрим
16:25 30.06.2021 (Навсозишуда: 18:18 30.06.2021) Президенти Русия Владимир Путин қазияи ворид шудани эсминетси бритониёиро ба қаламрави Русия шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Владимир Путин зимни суҳбати мустақим бо мардуми Русия, ворид шудани киштии бритониёии "Defender" - ро ба обҳои ҳудуди Русия иғво номид.
"Ин як иғво аст. Иғвогарон чӣ ҳадаф доштанд? Инҳо на танҳо бритониёиҳо, балки амрикоиҳо ҳам ҳастанд", - гуфт Путин.
Президент қайд кард, ки эсминетси Бритониё ҳадафҳои низомиро дар наздикии марзҳои Русия дунбол мекард.
"Мушоҳида мекарданд, дар кадом минтақа чӣ чиз ба кор медарояд. Мо инро медонистем ва танҳо он чизеро нишон додем, ки лозим буд", - шарҳ дод президент.
Ба гуфти Путин, воридшавии эсминетси Бритониё ба Баҳри Сиёҳ, маънои оғози ҷанги сеюми ҷаҳонро надорад.
Вай таъкид кард, ки ҳатто агар киштӣ нест мешуд ҳам, муноқишаи мусаллаҳона о-оз намешуд.
"Ҳатто агар мо ин киштиро ғарқ мекардем ҳам, тасаввур кардан душвор аст, ки ҷаҳон дар остонаи ҷанги сеюми ҷаҳон қарор мегирифт. Зеро онҳое, ки ин корро карданд, медонанд, ки онҳо аз ин ҷанг ғолиб баромада наметавонанд", - гуфт Путин.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24 июн киштии бритониёии "Defender" марзи Русияро дар Баҳри Сиёҳ рахна кард. Киштӣ ҳушдори киштии ҷангии Хадамоти марзбонии ФСБ-ро сарфи назар карда, ба обҳои ҳудудии Русия ворид шуд.
Дар ин робита, марзбонони Русия ба сӯи киштии бритониёии "Defender" дар минтақаи Кейп Фиоленти Қрим оташи огоҳӣ кушоданд ва сипас бомбаборон карданд.
Танҳо пас аз он эсминетс рӯй гардонида, қаламрави Русияро тарк кард.
Владимир Путин 18 -умин бор, бо мардуми Русия мустақиман суҳбат мекунад. Бори аввал президенти Русия соли 2001 бо мардум гуфтугӯ карда буд. Аз он сол ба ин сӯ ҳамасола ин маросим баргузор мешавад.
Дар маҷмӯъ, Путин аз сокинони Русия беш аз 1,5 миллион дархост дарёфт кардааст. Тӯлонитарин суҳбати мустақим бо Владимир Путин соли 2010 сурат гирифтааст. Он замон президент бо аҳолӣ мустақиман 4 соату 25 дақиқа суҳбат кард ва ба 88 савол посух дод.