Худрави осмонӣ: нахустин парвози мошин сурат гирифт – видео

Обуна шудан
Хдрави парвозмекардаи муҳандиси словакӣ нахустин парвози худро анҷом дод
Худрав парвозмекардаи “Aircar” нахустин парвози худро дар дар масофаи 80 километр аз як фурудгоҳ ба фурудгоҳи дигар анҷом дод: парвоз аз шаҳри Нитраи Словакия оғоз ёфта то шаҳри Братислава давом кард. Онро ихтироъкори ҳавопаймо, муҳандис Стефан Клейн идора кард, иттилоъ додааст РИА Новости дар истинод ба Teraz.
"Мошин хеле хуб мерафт!" - таҳиягар бо эҳсосоти худ ба рӯзноманигорон гуфт.
Ба гуфтаи Клейн, парвоз байни ду шаҳр ҳамагӣ 25 дақиқа тӯл кашид, дар ҳоле, ки бо роҳи автомобилгард тай кардани ин масофа беш аз се соатро талаб мекунад.
Пилорама, обработка дерева  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2019
Раҳмон “Арактор” ихтироъ кард : мошини ҳайратовар ва бурранда -видео
Муҳандис қайд кард, мошини ӯ барои Словакия ва дар маҷмӯъ, барои минтақаҳои сераҳолӣ, ба монанди кишварҳри Аврупо нест. Клейн интизолр дорад, ба мошини ӯ намояндагони он кишварҳое таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард, ки дар кишвари онҳо инфрасохтори тараққикардаи нақлиётӣ вуҷуд надорад ва ҳамзамон масофаи дурро тай кардан лозим аст.
Муҳандис зикр кард, ки табдил додани ҳавопаймо ба мошин, тақрибан дувуним дақиқаро ташкил медиҳад. Дар фазо худрав қодир аст, тақрибан бо суръати 170 километр дар як соат, дар баландии тақрибан 2500 метр парвоз кунад.
Дар ҳамин ҳол, муҳандис нагуфт, ки худрави нодираш кай ба фурӯш бароварда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0