Додгоҳ ба Бритни Спирс иҷоза надод, ки миллионҳояшро идора кунад

© AP / Matt SaylesБритни Спирс выступает на MTV Video Music Awards в Лос-Анджелесе
Бритни Спирс выступает на MTV Video Music Awards в Лос-Анджелесе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Обуна шудан
Додгоҳи Калифорния дархости адвокат Бритни Спирсро дар бораи аз вазифаи саробонӣ сабукдӯш кардани падари ӯро рад кард
ДУШАНБЕ, 1 июл - Sputnik. Додгоҳи Лос Анҷелес дархости ситораи поп Бритни Спирсро рад кард, ки таҳти саробонии падари худ буданро рад мекунад ва мехоҳад пулҳояшро худаш идора кунад, хабар медиҳад маҷаллаи Variety.
Чанд моҳ аст, ки Спирс саъй дорад падари худро аз назорати сарвати миллионҳо доллараш дур кунад ва адвокати ӯ дар ин бора дархостҳои дахлдор пешниҳод кард.
Адвокат исрор меварзад, ки сарпарасти сароянда Ҷеймс Спирс дигар дар идораи молияи ӯ иштирок карда наметавонад ва худи Бритни бояд зиндагияшро идора кунад.
Акция в поддержку сборной России по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Расонаҳо аз якбора бад шудани вазъи овозхони машҳур МакSим хабар доданд
Ҳамзамон, додгоҳи иёлоти Калифорния қаблан розӣ шуда буд, ки як ширкати хусусии молиявиро дар байни парасторони Бритни Спирс шомил кунад, аммо имкон надошт, ки падар аз назорати сарвати ҳунарманд пурра хориҷ карда шавад.
Бритни Спирс, ки ҳамчун яке аз маъруфтарин овозхонҳои замони мо шинохта шудааст, аз соли 2008 таҳти сарпарастии падари худ Ҷеймс Спирс қарор дорад.
Солимии рӯҳии овозхон, ки машрубот ва маводи мухаддир истифода мекард, пас аз талоқ дар соли 2007, вақте ки ситора ба бемории вазнин дучор шуд, якбора буд шуд.
Дар аввал ситора аз ин ҳолат қаноатманд буд. Бо гузашти вақт, назорати оила торафт шадидтар мешуд ва инак, ҳафт сол аст, ки овозхон кӯшиш дорад аз парастории падари худ даст кашад.
Охири моҳи гузашта Спирси 39-сола дар режими маҷозӣ дар додгоҳ сухан гуфт, ки дар он парвандаи сарпарастии ӯ муҳокима мешуд.
"Ман ба тамоми ҷаҳон дурӯғ гуфтам, ки ман хушбахт ҳастам ва ҳама чиз хуб аст. Ман хушбахт нестам, ман ҳатто наметавонам хоб кунам. Ман муддати тӯлонӣ ба додгоҳ муроҷиат накардам, зеро фикр мекардам, ки мардум бовар намекунанд", - гуфт сароянда ва афзуд, ки падараш ӯро маҷбур кард, ҳатто дар он рӯзҳои бемориаш ҳам ҳунарнамоӣ кунад.
"Вай пурра ҳаёти маро назорат мекард", - менависад starhit.ru. аз қавли Бритни.
Ба гуфти ӯ, Ҷейми Спирс ҳамаи даромади духтарашро комилан дар ихтиёр дошт, аз ин рӯ Бритни тамоман пули ба даст овардаашро намедид.
Назорат на танҳо дар масъалаҳои молиявӣ, балки ба ҳаёти ҳаррӯза ҳам расид: боре Ҷейми ба Бритни дубора ранг кардани ҷевонро дар хонааш манъ кард. Агар овозхон муқовимат кунад, ӯро барои табобати маҷбурӣ ба беморхонаи рӯҳӣ мефиристодаанд.
Ғайр аз он, доиман ба Бритни доруҳо медодаанд, аз ин сабаб вай на ҳама вақт дарк мекардааст, ки дар гирду атроф чӣ рӯй дода истодааст.
Дар паҳлӯи Бритни ҳамеша посбонон будаанд, ки ҳатто ҳангоми иваз кардани либос пеш аз консерт, аз наздаш дур намешуданд.Вақте, дар ҳаёти сароянда маъшуқи нав пайдо шуд, падар барои аз ҷавон ҷудо кардани духтараш ҳамаи роҳҳоро ба кор бурдааст.
"Ҳоло ман мехоҳам оиладор ва кӯдакдор шавам. Онҳо намехоҳанд ман фарзанд таваллуд кунам, - афзуд Спирс.
Овозхони амрикоӣ аз додгоҳ хост, ки падари ӯро аз парасторӣ абадан маҳрум кунад. Вай иқрор кард, ки ба ёрии тиббӣ ниёз дорад, мехоҳад, на ҳар ду рӯз, балки ҳафтае як маротиба аз терапия гузарад.
Лентаи хабарҳо
0