https://sputnik.tj/20210701/dastur-maqomot-bemorhonai-markazi-norak-libosi-doruvori-1040576410.html
Дастури мақомот ба беморхонаи марказии Норак: либоси тиббиву доруворӣ дастрас намоед
Дастури мақомот ба беморхонаи марказии Норак: либоси тиббиву доруворӣ дастрас намоед
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳи Норак аз паҳншавии вируси корона дар қаламрави Тоҷикистон нигарон шудааст, ба ҳамин хотир тасими гирифтааст корҳои фаҳмондадиҳиро миёни марду оид ба пешгирӣ аз бемории сироятӣ боз ҳам пурзӯр намояд
2021-07-01T18:45+0500
2021-07-01T18:45+0500
2021-08-10T16:57+0500
дар тоҷикистон
норак
тандурустӣ
корҳои фаҳмондадиҳӣ
дастур
либос
маводи доруворӣ
коронавирус
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/14/1032490377_0:153:3101:1897_1920x0_80_0_0_51cb2c7846878861ae41f002d903f223.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак ахиран дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти шаҳр Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баргузор гардид.Гуфта шудааст, ки раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аъзои ситод, фаъолони шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро вазифадор намуд, ки дар ҳудуди шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятӣ боз ҳам пурзӯр намоянд.Ҳамзамон, бо пешниҳоди Ситоди шаҳрӣ ба беморхонаи марказӣ барои дастрас намудани сару либоси тиббӣ ва маводҳои доруворӣ ба мақомоти иҷроияи шаҳр дастур дода шуд.Ёдовар мешавем, ки ситоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод.Ин ниҳод, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20210630/omori-navi-koronavirus-tojikiston-1040552127.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/14/1032490377_184:0:2915:2048_1920x0_80_0_0_5a5b6a9db054039da0bf5256a7085c0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, норак, вируси корона, либос, доруворӣ, дастрас
тоҷикистон, норак, вируси корона, либос, доруворӣ, дастрас
Дастури мақомот ба беморхонаи марказии Норак: либоси тиббиву доруворӣ дастрас намоед
18:45 01.07.2021 (Навсозишуда: 16:57 10.08.2021) Мақомоти шаҳи Норак аз паҳншавии вируси корона дар қаламрави Тоҷикистон нигарон шудааст, ба ҳамин хотир тасими гирифтааст корҳои фаҳмондадиҳиро миёни марду оид ба пешгирӣ аз бемории сироятӣ боз ҳам пурзӯр намояд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак ахиран дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти шаҳр Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баргузор гардид.
Гуфта шудааст, ки раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод аъзои ситод, фаъолони шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳоро вазифадор намуд, ки дар ҳудуди шаҳр корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятӣ боз ҳам пурзӯр намоянд.
Ҳамзамон, бо пешниҳоди Ситоди шаҳрӣ ба беморхонаи марказӣ барои дастрас намудани сару либоси тиббӣ ва маводҳои доруворӣ ба мақомоти иҷроияи шаҳр дастур дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки ситоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод.
Ин ниҳод, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.