Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Эълони омори нави гирифторӣ ба COVID дар Тоҷикистон: вазорат мегӯяд фавт нест

© Sputnik / Mikhail Voskresenskiy / Гузариш ба медиабонкМедсестра в инфекционной клинической больнице №2 Департамента здравоохранения города Москвы
Медсестра в инфекционной клинической больнице №2 Департамента здравоохранения города Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Обуна шудан
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди гирифторони вируси клорона хабар дод
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Дар як шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба рӯзи гузашта бештар аст.
Дирӯз, Вазорати тандурустӣ аз бемор шудани 18 нафар хабар дода буд.
Ҳамин тавр, теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз ба 21 нафар расид.
Аз аввали ҳамагирии сирояти коронавирус то кунун дар кишвар 13 499 нафар гирифтори ин вабои аср шудааст.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Супориши Эмомалӣ Раҳмон барои назорати қатъии эмгузаронии мардум алайҳи COVID
Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмӣ, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус хабар медищад изҳор доштааст, ки пас аз авҷи дигарбораи беморӣ дар Тоҷикистон, ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.
Муҳандисе, ки нерӯгоҳи Норакро сохт, аз коронавирус даргузашт
Ҳамчунин, давоми 24 соат 31 нафар бемориро ба хубӣ паси сар карда, шифо ёфтааст.
Теъдоди умумии шифоёфтагон аз аввали қайди COVID - 19 дар кишвар то кунун ба 13 302 кас баробар шуд.
Ёдовар мешавем, ки ситоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод.
Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилорасонии Агентии Тоҷикстандарт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Қурбонии COVID-19: даргузашти яке аз роҳбарони ҷавон дар “Тоҷикстандарт”
Ин ниҳод, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0