https://sputnik.tj/20210701/ashraf-ghan-uzbekiston-1040562278.html
Ашраф Ғанӣ ба Ӯзбекистон меравад
Ашраф Ғанӣ ба Ӯзбекистон меравад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Афғонистон дра кори конфронси кишварҳои Осиёи марказӣ ва Ҷанубӣ иштирок мекунад. Дар ин чорабинӣ олимон барои пайдо кардани роҳи рушди Афғонистон гирди ҳам меоянд
2021-07-01T13:50+0500
2021-07-01T13:50+0500
2021-07-01T13:50+0500
сиёсат
ашраф ғанӣ
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102075/60/1020756059_0:0:2405:1353_1920x0_80_0_0_7c0ed657c5ccc41bb3dbc10a874c9388.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Қарор аст, раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кунад. Ҳадаф аз сафари Ғанӣ ба Ӯзбекистон иштирок дар конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ арзёбӣ мешавад. Аз сафари президенти Афғонистон ба Sputnik Ӯзбекистон муовини вазри мудофиаи он кишвар Мирвайс Наб хабар додааст.Ба гуфтаи дипломат, дар чорабинии мазкур гурӯҳи олимон барои пайдо кардани роҳи рушди Афғонистон гирди ҳам меоянд. Қаблан раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз баргузор гардидани конфронси байналмилалии сатҳи баланд хабар дода буд.Интизор меравад, ин конфронс рӯзҳои 15-16 июл доир гардад.Ёдовар мешавем, вазъият дар Афғонистон феълан муташанниҷ аст ва гурӯҳи ҳаракати мамнӯи Толибон* тавонистанд вилояту вулусволиҳои зиёди ин кишварро забт кунанд.Барои ду дафъа теъдоди зиёди низомиёни афғон ба хотири наҷот ёфтан аз дасти ҷангиёни толиб ба хоки Тоҷикистон фирор намуда буданд.Авзои феълии Афғонистон кишварҳоеро, ки дар ҳамоягии он қарор доранд, ниҳоят нигарон намудааст.*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210510/hamdardi-emomali-rahmon-ashraf-ghani-1039347653.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102075/60/1020756059_170:0:2405:1676_1920x0_80_0_0_07ed1c632bc1233ac8573966d66fadc5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ашраф ғанӣ ӯзбекистон сафар
ашраф ғанӣ ӯзбекистон сафар
Ашраф Ғанӣ ба Ӯзбекистон меравад
Президенти Афғонистон дар кори конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ иштирок мекунад. Дар ин чорабинӣ олимон барои пайдо кардани роҳи рушди Афғонистон гирди ҳам меоянд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Қарор аст, раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кунад. Ҳадаф аз сафари Ғанӣ ба Ӯзбекистон иштирок дар конфронси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ арзёбӣ мешавад.
Аз сафари президенти Афғонистон ба Sputnik Ӯзбекистон муовини вазри мудофиаи он кишвар Мирвайс Наб хабар додааст.
Ба гуфтаи дипломат, дар чорабинии мазкур гурӯҳи олимон барои пайдо кардани роҳи рушди Афғонистон гирди ҳам меоянд. Қаблан раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз баргузор гардидани конфронси байналмилалии сатҳи баланд хабар дода буд.
Интизор меравад, ин конфронс рӯзҳои 15-16 июл доир гардад.
Ёдовар мешавем, вазъият дар Афғонистон феълан муташанниҷ аст ва гурӯҳи ҳаракати мамнӯи Толибон* тавонистанд вилояту вулусволиҳои зиёди ин кишварро забт кунанд.
Барои ду дафъа теъдоди зиёди низомиёни афғон ба хотири наҷот ёфтан аз дасти ҷангиёни толиб ба хоки Тоҷикистон фирор намуда буданд.
Авзои феълии Афғонистон кишварҳоеро, ки дар ҳамоягии он қарор доранд, ниҳоят нигарон намудааст.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия