Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Ашраф Ғанӣ

© Фото : КремльПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Обуна шудан
Ҳамчунин президенти Тоҷикистон ба хонаводаҳои қурбониён дар Афғонистон изҳои тасаллӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо ҳамлаи террористӣ ба як мактаби духтарона дар Кобул ба раисҷумҳури Афғонистон барқияи таслият ирсол кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз 10 май президент ба Ашраф Ғанӣ изҳори ҳамдардӣ кард.
"Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта бо шумули духтарони наврас дар натиҷаи ҳамлаи мудҳиш ва разилонаи террористон дар қисми ғарбии Кобул боиси андӯҳи амиқ ва нафрати беандозаи мо гардид", - омадааст дар барқияи президент.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2021
Афғонистон хун мегиряд: тобути 63 хонандаи ғӯрамаргро дар як теппа пайи ҳам дафн карданд
Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки нерӯҳои аҳриман дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд, нобахшиданист, афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.
"Мо ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифротгароиро қатъиян маҳкум намуда, боз ҳам зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи беамонро бо ин хатарҳои глобалии даврони муосир таъкид менамоем", - таъкид кардааст кишвардори Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба мардуми Афғонистон ва хонаводаҳои қурбониён ҳамдардӣ намудааст.
"Дар ин рӯзҳои мотамбор тасаллиёт ва ҳамдардии самимии худ ва мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон, ҳамчунин ба тамоми мардуми бародари Афғонистон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол шифои комили ҳамаи осебдидагонро масъалат дорам", - афзудааст президент.
Ёдрас мешавем, 8 майи соли равон дар Кобул назди бинои мактаби духтарона нахуст мошини ҳомили маводи тарканда мунфаҷир шуд ва сипас ду ҳамлаи мушакии дигар сурат гирифт.
Ба гуфтаи муаллимони ин боргоҳ, ҳамла замоне рух дод, ки толибилмон аз бинои макотиб нав ба берун баромаданд.
Бояд гуфт, ки ин нахустин ҳамлаи бузурги террористӣ пас аз оғози хуруҷи нерӯҳо ИМА ва НАТО аз Афғонистон набуда, ҳанӯз рӯзи 30 апрел бар асари таркиши бомба дар хобгоҳи вилояти Лоҳур дасти кам 30 нафар кушта шуданд.
Лентаи хабарҳо
0