https://sputnik.tj/20210413/parvanda-qochoqbaron-doru-sughd-1038323768.html
Парвандаи қочоқбарони дору дар Суғд: аз Қирғизистон 43 ҳазор montalin-и бесифат овардаанд
Парвандаи қочоқбарони дору дар Суғд: аз Қирғизистон 43 ҳазор montalin-и бесифат овардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ожонси мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин ҳолат иттилоъ дод, ки гурӯҳи иборат аз чаҳор нафараи қочоқбарон, ин миқдор маводи тиббиро аз Қирғизистон вориди хоки Тоҷикистон кардаанд
2021-04-13T13:38+0500
2021-04-13T13:38+0500
2021-04-28T15:15+0500
дар тоҷикистон
суғд
боздошт
қочоқ
парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102695/89/1026958941_1:0:1199:674_1920x0_80_0_0_c3e21b79fd62c9c134146794d73fa124.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Шоира Мутавалиён, масъули матбуотии Ожонси мубориза бо коррупсия дар Суғд, дар шарҳи ин ҳолат ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки гурӯҳи иборат аз чаҳор нафараи қочоқбарон, ин миқдор маводи тиббиро аз Қирғизистон тавассути гузаргоҳи шаҳри Исфара ба вилояти Суғд ворид намудаанд. Бино ба иттилои ӯ, зимни гузаронидани чорабинии фаври-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Маърупов Муҳаммадамин, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Шарипов Хуршедҷон дар ду ҳолат, моҳи феврали соли ҷорӣ ба миқдори 8 ҳазор ғилофак ва такроран санаи 26 март ба миқдори 35 ҳазору 960 ғилофак дорувории намуди манталинро аз вилояти Ботканди Қирғизистон бидуни барасмиятдарории гумрукӣ, бо роҳи қочоқ ба шаҳри Исфара ворид намудаанд. Дар пайи тафтиши ин ҳолат маълум шудааст, ки инчунин шаҳрвандон Усмонов Назирҷон Насимович ва Қобилов Зоҳир бо мақсади гирифтани фоидаи молиявӣ аз роҳи муфт даст ба ин кор задаанд. Ин ду нафар дар моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ аз шаҳрванд Ишонқулов Муҳаммадҷон дар ду ҳолат дар умум 40 ҳазор ғилофаки пастсифати монталинро, ки арзиши он 175 ҳазор сомонӣ аст, ба даст овардаанд. Зимнан дар пайи ин ҳолат нисбати Маъруфов Муҳаммадҷон ва Шарипов Хуршедҷон бо моддаҳои 210 иловаи 1 қисми 3 банди “б” ва 289 қисми 2 (қочоқ), ҳамзамон, нисбати боқимонда боздоштшудаҳо бо моддаи 210 иловаи 1 қисми 3 банди “б” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад. Қаблан масъулони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи нобудсозии 83 ҳазору 304 кило маводи дорувории кӯҳна ва ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгуй набуда дар 11 моҳи соли 2020 иттилоъ дода гуфта буданд, ки арзиши ин миқдор маводи сӯзонидашуда ба 5,7 милион сомонӣ баробар аст.
https://sputnik.tj/20210203/furshanda-mavod-doru-pandemiya-1032749875.html
https://sputnik.tj/20210413/maosh-kormandon-nerugoh-norak-ozhons-1038311936.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102695/89/1026958941_150:0:1049:674_1920x0_80_0_0_7111302b49688b2f511b5ff90c8f8c25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, боздошт, қочоқбарон, дору,
суғд, боздошт, қочоқбарон, дору,
Парвандаи қочоқбарони дору дар Суғд: аз Қирғизистон 43 ҳазор montalin-и бесифат овардаанд
13:38 13.04.2021 (Навсозишуда: 15:15 28.04.2021) Кормандони Ожонси мубориза бо фасод дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯи дар ҳудуди вилояти Суғд, аз воридоти 43 ҳазору 960 ғилофи дорувории навъи монталин (montalin)- и ғайристандартӣ, ки истеъмоли он барои саломатӣ зароровар аст, пешгирӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Шоира Мутавалиён, масъули матбуотии Ожонси мубориза бо коррупсия дар Суғд, дар шарҳи ин ҳолат ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки гурӯҳи иборат аз чаҳор нафараи қочоқбарон, ин миқдор маводи тиббиро аз Қирғизистон тавассути гузаргоҳи шаҳри Исфара ба вилояти Суғд ворид намудаанд.
Бино ба иттилои ӯ, зимни гузаронидани чорабинии фаври-ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Маърупов Муҳаммадамин, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Шарипов Хуршедҷон дар ду ҳолат, моҳи феврали соли ҷорӣ ба миқдори 8 ҳазор ғилофак ва такроран санаи 26 март ба миқдори 35 ҳазору 960 ғилофак дорувории намуди манталинро аз вилояти Ботканди Қирғизистон бидуни барасмиятдарории гумрукӣ, бо роҳи қочоқ ба шаҳри Исфара ворид намудаанд.
“Мувофиқи хулосаи мутахассисони соҳавӣ арзиши бозории 43 ҳазору 960 ғилофак дорувории монталин ба 192 ҳазору 325 сомонӣ баробар буда, ҳамаи онҳо ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгуй намебошанд”, - иттилоъ дод манбаъ.
Дар пайи тафтиши ин ҳолат маълум шудааст, ки инчунин шаҳрвандон Усмонов Назирҷон Насимович ва Қобилов Зоҳир бо мақсади гирифтани фоидаи молиявӣ аз роҳи муфт даст ба ин кор задаанд.
Ин ду нафар дар моҳҳои феврал ва марти соли ҷорӣ аз шаҳрванд Ишонқулов Муҳаммадҷон дар ду ҳолат дар умум 40 ҳазор ғилофаки пастсифати монталинро, ки арзиши он 175 ҳазор сомонӣ аст, ба даст овардаанд.
Зимнан дар пайи ин ҳолат нисбати Маъруфов Муҳаммадҷон ва Шарипов Хуршедҷон бо моддаҳои 210 иловаи 1 қисми 3 банди “б” ва 289 қисми 2 (қочоқ), ҳамзамон, нисбати боқимонда боздоштшудаҳо бо моддаи 210 иловаи 1 қисми 3 банди “б” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Қаблан масъулони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи нобудсозии 83 ҳазору 304 кило маводи дорувории кӯҳна ва ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгуй набуда дар 11 моҳи соли 2020 иттилоъ дода гуфта буданд, ки арзиши ин миқдор маводи сӯзонидашуда ба 5,7 милион сомонӣ баробар аст.