https://sputnik.tj/20210627/qurbonii-covid-19-darguzasht-rohbaroni-javon-tojikstandart-1040472654.html
Қурбонии COVID-19: даргузашти яке аз роҳбарони ҷавон дар “Тоҷикстандарт”
Қурбонии COVID-19: даргузашти яке аз роҳбарони ҷавон дар “Тоҷикстандарт”
Sputnik Тоҷикистон
Лайлӣ Мақсудова, яке аз занони ҷавони роҳбар дар идораи "Тоҷикстандарт" дар синни 35-солагӣ дунёро падрӯд гуфт
2021-06-27T12:03+0500
2021-06-27T12:03+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
"қоидаҳои ободи варзишгар"
беҳдошт
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
даргузашт
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1b/1040472084_0:0:802:452_1920x0_80_0_0_1c266868155672b0bd0c099dfd555634.png
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоърасонии Агентии "Тоҷикстандарт", ки моҳи равон 35-сола шуд, аз маризии “вируси корона” вафот кард. Яке аз наздикони ӯ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум як ҳафтаи қабл ба Шифохонаи сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, бистарӣ шуда буд.Лайлӣ Мақсудова 12 июни соли 1986 дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба дунё омада, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба анҷом расонд. Хатмкардаи шуъбаи форсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 2008 барои такмили дониши забони англисӣ ба Амрико рафта, ду сол он ҷо монд. Пас аз бозгашт ба ватан дар раёсати равобити байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даромад. Як муддат дар "Барқи тоҷик" ва аз соли 2018 дар Агентии “Тоҷикстандарт” дар вазифаи сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоърасонии Агентии "Тоҷикстандарт" кор кард. Лайлӣ Мақсудова оиладор ва соҳиби як духтари 5 – сола буд. Ҷанозаи ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба хок супурда шуд. Даргузашти Мақсудова, яке аз занони ҷавони роҳбар дар идораи "Тоҷикстандарт" дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир аз ҳолатҳои дигари фавт бар асари коронавирус хабарҳо нашр гардида буданд. Аммо бар асоси оморе, ки мақомоти тандурустии Тоҷикистон нашр кардаанд, дар пайи мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ то ҳол ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст. Cитоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод. Аз он рӯз то 26 июн мақомоти тоҷик расман гирифтории ҳудуди 107 нафарро тасдиқ карданд, ки гуфта мешавад, қисме аз онҳо аллакай шифо ёфтаанд. Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостанд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
https://sputnik.tj/20210627/favt-zodruz-darguzashti-sobiq-noibi-sarvazir-duhtari-minhoj-ghulomov-1040473811.html
https://sputnik.tj/20210619/20-ruzi-ohir-bemorhona-bud-vazorat-darguzashti-muovini-vazir-1040316982.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1b/1040472084_0:0:802:602_1920x0_80_0_0_1820cca0bbc291d8a2a7bb5dc58bf95b.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикстандарт, роҳбар, ҷавон, коронавирус, фавт
тоҷикстандарт, роҳбар, ҷавон, коронавирус, фавт
Қурбонии COVID-19: даргузашти яке аз роҳбарони ҷавон дар “Тоҷикстандарт”
12:03 27.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Лайлӣ Мақсудова, яке аз занони ҷавони роҳбар дар идораи "Тоҷикстандарт" дар синни 35-солагӣ дунёро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоърасонии Агентии "Тоҷикстандарт", ки моҳи равон 35-сола шуд, аз маризии “вируси корона” вафот кард.
Яке аз наздикони ӯ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум як ҳафтаи қабл ба Шифохонаи сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, бистарӣ шуда буд.
"Духтурон гуфтанд, ки ӯ ба “вируси корона” печидааст. Аммо талошҳои онҳо барои шифо ёфтани ӯ натиҷа надоданд",- изҳор дошт манбаъ. Расман ин иттилоъро мақомоти тандурустӣ то ҳол тасдиқ накардаанд.
Лайлӣ Мақсудова 12 июни соли 1986 дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба дунё омада, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ба анҷом расонд. Хатмкардаи шуъбаи форсии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 2008 барои такмили дониши забони англисӣ ба Амрико рафта, ду сол он ҷо монд.
Пас аз бозгашт ба ватан дар раёсати равобити байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даромад. Як муддат дар "Барқи тоҷик" ва аз соли 2018 дар Агентии “Тоҷикстандарт” дар вазифаи сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоърасонии Агентии "Тоҷикстандарт" кор кард.
“Ӯ яке аз мутахассисони ботаҷрибаи Агентӣ буд, бахусус, саҳми беандозаи худро дар таҳия ва пешниҳоди созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба стандартизация, метрология, сертификатсия гузоштааст. Инсони комил, хоксор ва дурандеш буд ва эҳтироми хосе дар байни коллективи Агентӣ дошт”, - гуфт яке аз ҳамкорони ӯ.
Лайлӣ Мақсудова оиладор ва соҳиби як духтари 5 – сола буд. Ҷанозаи ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ба хок супурда шуд.
Даргузашти Мақсудова, яке аз занони ҷавони роҳбар дар идораи "Тоҷикстандарт" дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир аз ҳолатҳои дигари фавт бар асари коронавирус хабарҳо нашр гардида буданд. Аммо бар асоси оморе, ки мақомоти тандурустии Тоҷикистон нашр кардаанд, дар пайи мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ то ҳол ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.
Cитоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод. Аз он рӯз то 26 июн мақомоти тоҷик расман гирифтории ҳудуди 107 нафарро тасдиқ карданд, ки гуфта мешавад, қисме аз онҳо аллакай шифо ёфтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостанд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.