https://sputnik.tj/20210524/firistodai-faronsa-tamir-talko-shinos-1039705442.html
Фиристодаи Фаронса бо таъмири Талко шинос шуд
Фиристодаи Фаронса бо таъмири Талко шинос шуд
Sputnik Тоҷикистон
Франсуа Салвия, фиристодаи иқтисодии Фаронса, бо мақомдорони тоҷик мулоқот карда, аз корхонаи алюминийи Тоҷикистон – Талко боздид намуд
2021-05-24T19:08+0500
2021-05-24T19:08+0500
2021-05-24T19:09+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
истеҳсол
талко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/18/1039705311_66:0:1092:577_1920x0_80_0_0_c4de3f84e3f99518c8bc392af33eafbd.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Атташеи иқтисодии Сафорати Фаронса дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Франсуа Салвия бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доштааст. Тибқи гузориши сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, оқои Салвия бо мақомдорони бахшҳои гуногун, аз ҷумла бо вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва вазири энергетикаю захираҳои обӣ Далер Ҷума гуфтушунид намудаст. Ба иттилои сафорат, инчунин Салвия аз Ширкати алюминийи Тоҷик, Талко боздид кардааст, ки аз тарафи яке аз ширкатҳои фаронсавӣ таъмир карда мешавад. Қаблан хабар дода шуд, ки Талко, калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз ним миллиард доллар сармояи чинӣ аз ҷониби чанд ширкат, аз ҷумла аврупоӣ таҷдид мегардад. Дар мавриди кори ширкат баъди навсозӣ иттилоъ дода шуд, ки пас аз навсозӣ иқтидори истеҳсолии силсилаҳои 5 ва 6-уми истеҳсолоти электролиз ба 300 ҳазор тонна дар як сол расонида мешавад.“Хароҷоти неруи барқ ва намудҳои дигари истеҳсолот тақрибан ду маротиба коҳиш ёфта, беш аз 90 фоизи алюминий бо сифати баланди А7 ва А8 истеҳсол карда мешавад”, - таъкид намуда буд раёсати ширкат.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/18/1039705311_194:0:963:577_1920x0_80_0_0_bd1dadce79181c68739d116fb684ad3d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, корхона, талко, алюминий
мулоқот, корхона, талко, алюминий
Фиристодаи Фаронса бо таъмири Талко шинос шуд
19:08 24.05.2021 (Навсозишуда: 19:09 24.05.2021) Франсуа Салвия, фиристодаи иқтисодии Фаронса, бо мақомдорони тоҷик мулоқот карда, аз корхонаи алюминийи Тоҷикистон – Талко боздид намуд
ДУШАНБЕ, 24 май - Sputnik. Атташеи иқтисодии Сафорати Фаронса дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Франсуа Салвия бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доштааст.
Тибқи гузориши сафорати Фаронса дар Тоҷикистон, оқои Салвия бо мақомдорони бахшҳои гуногун, аз ҷумла бо вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва вазири энергетикаю захираҳои обӣ Далер Ҷума гуфтушунид намудаст.
Ба иттилои сафорат, инчунин Салвия аз Ширкати алюминийи Тоҷик, Талко боздид кардааст, ки аз тарафи яке аз ширкатҳои фаронсавӣ таъмир карда мешавад.
Қаблан хабар дода шуд, ки Талко, калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон бо ҷалби беш аз ним миллиард доллар сармояи чинӣ аз ҷониби чанд ширкат, аз ҷумла аврупоӣ таҷдид мегардад.
“Маблағҳое, ки барои навсозӣ ҷудо карда шудаанд, аз ҳисоби фурӯши алюминийе, ки дар хатҳои электролизии нав истеҳсол мешаванд, бозгардонида хоҳад шуд”, - изҳор дошта буданд дар раёсати Талко.
Дар мавриди кори ширкат баъди навсозӣ иттилоъ дода шуд, ки пас аз навсозӣ иқтидори истеҳсолии силсилаҳои 5 ва 6-уми истеҳсолоти электролиз ба 300 ҳазор тонна дар як сол расонида мешавад.
“Хароҷоти неруи барқ ва намудҳои дигари истеҳсолот тақрибан ду маротиба коҳиш ёфта, беш аз 90 фоизи алюминий бо сифати баланди А7 ва А8 истеҳсол карда мешавад”, - таъкид намуда буд раёсати ширкат.