https://sputnik.tj/20210630/chand-kas-alayhi-covid-19-em-1040534081.html
Маълум шуд, чанд кас ва киҳо дар Суғд алайҳи COVID - 19 эм гирифтаанд
Маълум шуд, чанд кас ва киҳо дар Суғд алайҳи COVID - 19 эм гирифтаанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд шумораи умумии эмшудаҳо алайҳи COVID - 19 -ро гуфтанд
2021-06-30T13:00+0500
2021-06-30T13:00+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
суғд
эмгузаронӣ
ваксина
дар тоҷикистон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038807403_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_f39af87524f368229c0bf0029b044075.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд, беш аз 32 ҳазор нафар алайҳи вируси корона ваксина гирифтанд, гуфт муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ зимни ҷаласаи кории раиси вилоят.Азимӣ афзуд, ки ба гурӯҳи эмшудаҳо кормандони соҳаи тандурустӣ, гуруҳҳои осебпазири ҷомеа ва шахсони аз 60- сола боло дохил мешаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.Дар ҷаласа, ки таҳти раҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд, раис барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва риояи тавсияҳои табибон дар назди масъулин вазифаҳо гузоштааст.Аҳмадзода таъкид кардааст, ки бояд ҳар як инсон баҳри ҳифзи саломатии худу атрофиёнаш масъулият эҳсос намояд. Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 27 июни соли ҷорӣ дасти кам 205 619 нафар барои эмин доштани саломатии худ бо ваксинҳои дастрасшуда эмгузаронӣ шуданд."Одам болои одам": навбатпоӣ ва "шиносбозӣ" барои ваксингирӣ дар ХуҷандГуфта мешавад, дар марҳилаи дуюми эмгузаронӣ аллакай 18 029 нафар ваксин гирифтанд.Рӯзи 22 март Эмомалӣ Раҳмон бо тасвиби қарори Ҳукумат дастур дод, ки иммунизатсияи бар зидди бемории сироятии COVID - 19 дар ҷумҳурӣ байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад.Тоҷикистон нахуст дар доираи механизми COVAX 192 000 воя ваксини AstraZeneca- ро дарёфт кард, ки дар марҳилаи аввал пизишкону омӯзгорон, маризон ва нафарони аз 60 - сола боло бо ваксин таъмин карда шуданд.Зимнан, чанд рӯз қабл Чин 300 ҳазор воя ваксини сохти ватании худ CoronaVac - ро ба Тоҷикистон фиристод.Пас аз вуруд шудани ин ваксин дар Тоҷикистон эмгузаронии афроди аз 18 - сола боло низ пиёда гардид.Ёдовар мешавем, ки сар аз 21 июн маризии коронавирус дар Тоҷикистон аз худ дарак дод.Феълан дар ҷумҳурӣ 170 нафар гирифтори маризии коронавирус мебошанд, ки 65 тан аз онҳо аллакай шифо ёфтанд.
https://sputnik.tj/20210628/master-ismayl-astrazeneca-zindaam-tojikiston-1040483371.html
https://sputnik.tj/20210628/navor-vaksingir-jonibek-duo-mardum-1040496933.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038807403_204:0:2935:2048_1920x0_80_0_0_b6bde731178faf4ba4c97ea3f31c43eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, эмгузаронӣ, ваксина, ваксинзанӣ, алайҳи ковид
суғд, эмгузаронӣ, ваксина, ваксинзанӣ, алайҳи ковид
Маълум шуд, чанд кас ва киҳо дар Суғд алайҳи COVID - 19 эм гирифтаанд
13:00 30.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Мақомоти вилояти Суғд шумораи умумии эмшудаҳо алайҳи COVID - 19 -ро гуфтанд
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд, беш аз 32 ҳазор нафар алайҳи вируси корона ваксина гирифтанд, гуфт муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ зимни ҷаласаи кории раиси вилоят.
Азимӣ афзуд, ки ба гурӯҳи эмшудаҳо кормандони соҳаи тандурустӣ, гуруҳҳои осебпазири ҷомеа ва шахсони аз 60- сола боло дохил мешаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Дар ҷаласа, ки таҳти раҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд, раис барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва риояи тавсияҳои табибон дар назди масъулин вазифаҳо гузоштааст.
Аҳмадзода таъкид кардааст, ки бояд ҳар як инсон баҳри ҳифзи саломатии худу атрофиёнаш масъулият эҳсос намояд.
"Сокинон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фосилаи иҷтимоиро риоя карда, аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд", - гуфтааст ӯ.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 27 июни соли ҷорӣ дасти кам 205 619 нафар барои эмин доштани саломатии худ бо ваксинҳои дастрасшуда эмгузаронӣ шуданд.
Гуфта мешавад, дар марҳилаи дуюми эмгузаронӣ аллакай 18 029 нафар ваксин гирифтанд.
Рӯзи 22 март Эмомалӣ Раҳмон бо тасвиби қарори Ҳукумат дастур дод, ки иммунизатсияи бар зидди бемории сироятии COVID - 19 дар ҷумҳурӣ байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад.
Тоҷикистон нахуст дар доираи механизми COVAX 192 000 воя ваксини AstraZeneca- ро дарёфт кард, ки дар марҳилаи аввал пизишкону омӯзгорон, маризон ва нафарони аз 60 - сола боло бо ваксин таъмин карда шуданд.
Зимнан, чанд рӯз қабл Чин 300 ҳазор воя ваксини сохти ватании худ CoronaVac - ро ба Тоҷикистон фиристод.
Пас аз вуруд шудани ин ваксин дар Тоҷикистон эмгузаронии афроди аз 18 - сола боло низ пиёда гардид.
Ёдовар мешавем, ки сар аз 21 июн маризии коронавирус дар Тоҷикистон аз худ дарак дод.
Феълан дар ҷумҳурӣ 170 нафар гирифтори маризии коронавирус мебошанд, ки 65 тан аз онҳо аллакай шифо ёфтанд.