Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Таваккал бар Худо гуфту эм кард: навори ваксингирии Ҷонибек ва дуои ӯ дар ҳаққи мардум

© Саҳифаи Ҷонибек Муродов дар ИнстаграмҶонибек Муродов, акс аз бойгонӣ
Ҷонибек Муродов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Ҷонибек Мурод дар навори интишорнамуда шухикунон изҳор дошт, ки ин фиреб нест, балки ҳақиқатан ҳам алайҳи коронавирус эм гирифт
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сарояндаи машҳури Тоҷикистон Ҷонибек Мурод барои ҳифзи саломатии худ алайҳи маризии коронавирус эм гирифт.
Ваксингирии Ҷонибек дар яке аз марказҳои эмгузаронӣ ва шояд дар вилояти Суғд сурат гирифта бошад.
Сароянда дар оғози навор Бисмиллоҳи раҳмону раҳим гуфта, таваккал бар Худо намуду ваксин гирифт.
Ӯ дар ин навор дуо намуд, ки "бигзор тамоми дунё шифо ёбад, вирус гум шавад ва ҳама боз бо хушиву хурсандӣ зиндагиро давом диҳанд".
Дар навор ҳамшираи шафқат аз Ҷонибек мепурсад, ки ба кадом тарафи даст ваксин ворид кунам ва ӯ посух дод, ки бигзор корро аз дасти рост шурӯъ кунем.
Зимнан, ин сарояндаи муваффақ изҳор дошт, ки "мана нигоҳ кунед, фанд нест ва аз ростӣ эм мегирам".
Вакцинация от COVID-19 в торговом центре в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон чанд нафар ваксин гирифтанд: посухи вазорат
Нафароне, ки ҳамроҳи Ҷонибек дар ин утоқ қарор доштанд, пас аз анҷоми ваксингирӣ аҳволи сарояндаро пурсиданд ва посухи ӯ чунин буд: "Зӯр".
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳоло ду ваксин дастрас аст ва афроди аз 18 - сола боло бо ин ваксинҳо эмгузаронӣ мешаванд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то рӯзи 27 июн дар ҷумҳурӣ 205 619 нафар бо ваксинҳои AstraZeneca ва CoronaVac эм карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0