9 соли зиндон ба командири кисми ҳарбии КДАМ барои сарбозозории тобеонаш

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Ӯ ба сӯистифода аз мансаб ва беаҳамиятӣ ҳангоми адои вазифа гунаҳкор дониста мешавад. Сарбози қаторӣ, ки дар ин амал бевосита даст доштааст, ба 20 сол маҳкум гардидааст
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Собиқ командири кисми ҳарбии КДАМ барои сарбозозории тобеонаш ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, собиқ командири кисми ҳарбии 0203 РҚС КДАМ Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковник Ояҳмадов Фирдавс Самадович ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамчун шахси мансабдор бефаъолиятӣ ва беамалй зоҳир намудааст.
"Аз ин ҳолат сарбози қатории ҳамин қисми ҳарбй Бегматов Илҳомжон Маҳмадаминович, истифода карда, 10 феврали соли 2021 соати 19:20 дақиқа дар назди ҳоҷатхонаи дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Саразм” қисми ҳарбии зикршуда қаторӣ Алиев М.А.-ро дашному ҳақорат карда, қасдан бо дастонаш ба қафаси сина ва қисмати гарданаш зарба задааст", - менависад манбаъ.
Пойафзоли аскарӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2015
Муҷозоти се афсар дар минтақаи Кӯлоб. Барои бадрафторӣ
Дар натиҷа Алиев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бинобар норасоии шадиди кори дил, рагҳои хунгард ва нафаскашӣ ҳалок шудааст.
Гуфта мешавад, судии Суди Олӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати командири кисми ҳарбии 0203 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковник Ояҳмадов Фирдавс Самадович, бо моддаи 391 қисми 3 банди “а” ва қатории ҳамин қисми ҳарбй Бегматов Илҳомжон Маҳмадаминович, бо моддаҳои 110 қисми 3 банди “в” ва 373 қисми 2 банди “д” КҶ баррасӣ намудааст.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳамонро гунаҳкор дониста, ба Бегматов аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ 20 соли маҳрум сохтан аз озодӣ ва ба Ояҳмадов ҷазои 9 сол маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин кардааст.
Лентаи хабарҳо
0