https://sputnik.tj/20210629/vokunish-korbaron-basuhbat-rahmon-jabborov-1040518327.html
Марз кушода шаваду ҷанг нашавад: вокуниши корбарон ба суҳбати 7 -соатаи Раҳмону Ҷабборов
Марз кушода шаваду ҷанг нашавад: вокуниши корбарон ба суҳбати 7 -соатаи Раҳмону Ҷабборов
Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаи музокироти тӯлонии президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон вокуниши зиёде ба бор вард
2021-06-29T19:40+0500
2021-06-29T19:40+0500
2021-06-29T23:33+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қирғизистон
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040524432_0:88:1694:1041_1920x0_80_0_0_b5f3db14d3dd4f2bb01b7a34763d3dfb.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Корбарони шабакаҳои ичтимоӣ дидору мулоқоти президентҳои ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборовро фаъолона баррасӣ доранд.Ин, ки суҳбати ду кишвардор ба дарозо кашид ва беш аз 7 соат давом кард, кораброни шабакаҳои иҷтимоиро ба ҳайрат овард. Мардум ҳадс мезананд, ки шояд пушти дарҳои баста, масъалаҳои бузурге баррасӣ ва мушкилоти зиёде ҳал шуд. Аксари мардум ба марзкушоӣ умед бастанд.Бахтиёр Шарипов ном корбари Facebook навиштааст, ки "ин чанд соат барои Ҷабборов дарси такмили ихтисос мешавад ва иншоаллоҳ ҳамсояи беҳтарин мешаваду марзҳоро мекушояд".Корбаре бо номи Саидбек Дилшод суол гузоштааст, ки оё пас аз чунин суҳбати тӯлонӣ "ягон кори хайре баҳри замину оби Тоҷикистон мешуда бошад?"Баха Салом ва Азизбек Раҳмонзода бошанд, дуо кардаанд, ки бигзор ду халқ ҳамеша дӯст бимонанд. Онҳо аз ҳамвандони худ бо мисраҳои шеърӣ аз Ҳофизи Шерозӣ даъват кардаанд, ки ҳамеша хостори сулҳу амонӣ бошанд:"Бародарон биёед дуо кунем, ки ин сафар пурфайзу бобаракат бошаду ин кашмакашиҳо аз байн раванд".Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад!Муҳибҷон ном корбар низ тарафдори сулҳ аст. Ӯ мегӯяд, мехоҳад дигар дар марз таниш ва хунрезӣ нашавад.Абдулазиз бошад мегӯяд, "осоиш бар ивази замин ба мо лозим нест"."Мо 30 сол мешавад, ки танҳо осоишро талабгорем, боз чиро интизор шавем", - навиштааст ӯ.Ёдовар мешавем, ки дар паи музокироти сатҳи олӣ президентҳои ду кишвар чор санади нави ҳамкорӣ имзо карданд, ки ба таъминоти нафақа, соҳаи хизмати давлатӣ, сиёсати ҷавонон ва фарҳанг дахл доранд.Раҳмон гуфт, 32 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа шудМавзӯъи рӯз - яъне аломатгузории марз низ баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "имрӯз боз 32 километри дигар мувофиқа шуданд".Вале, интизории мардум аз кушодашавии марзҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон бароварда нашуд.Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон марзҳояшро рӯзи 21 май барои шаҳравндони Тоҷикисон баст.Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонВазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
https://sputnik.tj/20210629/rahmon-32-kilometr-marz-tojikiston-qirghiziston-muvofiqa-1040523102.html
https://sputnik.tj/20210610/asrori-bahshoi-marzi-voruh-47-soli-havodis-az-a-to-ya-1040116710.html
https://sputnik.tj/20210629/jabborov-rahmon-qirghiziston-davat-1040521653.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040524432_95:0:1599:1128_1920x0_80_0_0_1be199ab10f77ab336e7691548213cf1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марзбандӣ, марзкушоӣ, вокуниш, корбарон, тоҷикистон, қирғизистон
марзбандӣ, марзкушоӣ, вокуниш, корбарон, тоҷикистон, қирғизистон
Марз кушода шаваду ҷанг нашавад: вокуниши корбарон ба суҳбати 7 -соатаи Раҳмону Ҷабборов
19:40 29.06.2021 (Навсозишуда: 23:33 29.06.2021) Натиҷаи музокироти тӯлонии президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон вокуниши зиёде ба бор вард
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Корбарони шабакаҳои ичтимоӣ дидору мулоқоти президентҳои ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборовро фаъолона баррасӣ доранд.
Ин, ки суҳбати ду кишвардор ба дарозо кашид ва беш аз 7 соат давом кард, кораброни шабакаҳои иҷтимоиро ба ҳайрат овард. Мардум ҳадс мезананд, ки шояд пушти дарҳои баста, масъалаҳои бузурге баррасӣ ва мушкилоти зиёде ҳал шуд.
Аксари мардум ба марзкушоӣ умед бастанд.
Бахтиёр Шарипов ном корбари Facebook навиштааст, ки "ин чанд соат барои Ҷабборов дарси такмили ихтисос мешавад ва иншоаллоҳ ҳамсояи беҳтарин мешаваду марзҳоро мекушояд".
Корбаре бо номи Саидбек Дилшод суол гузоштааст, ки оё пас аз чунин суҳбати тӯлонӣ "ягон кори хайре баҳри замину оби Тоҷикистон мешуда бошад?"
Баха Салом ва Азизбек Раҳмонзода бошанд, дуо кардаанд, ки бигзор ду халқ ҳамеша дӯст бимонанд. Онҳо аз ҳамвандони худ бо мисраҳои шеърӣ аз Ҳофизи Шерозӣ даъват кардаанд, ки ҳамеша хостори сулҳу амонӣ бошанд:
"Бародарон биёед дуо кунем, ки ин сафар пурфайзу бобаракат бошаду ин кашмакашиҳо аз байн раванд".
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад!
Муҳибҷон ном корбар низ тарафдори сулҳ аст. Ӯ мегӯяд, мехоҳад дигар дар марз таниш ва хунрезӣ нашавад.
"Мо мехоҳем ҳам дар Қирғизистон ва ҳам дар Тоҷикистон якдигарфаҳмӣ шавад, дигар хун нарезад".
Абдулазиз бошад мегӯяд, "осоиш бар ивази замин ба мо лозим нест".
"Мо 30 сол мешавад, ки танҳо осоишро талабгорем, боз чиро интизор шавем", - навиштааст ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар паи музокироти сатҳи олӣ президентҳои ду кишвар чор санади нави ҳамкорӣ имзо карданд, ки ба таъминоти нафақа, соҳаи хизмати давлатӣ, сиёсати ҷавонон ва фарҳанг дахл доранд.
Мавзӯъи рӯз - яъне аломатгузории марз низ баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "имрӯз боз 32 километри дигар мувофиқа шуданд".
Вале, интизории мардум аз кушодашавии марзҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон бароварда нашуд.
Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон марзҳояшро рӯзи 21 май барои шаҳравндони Тоҷикисон баст.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.