Раҳмон гуфт, 32 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистон мувофиқа шуд

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон аз тавофуқ сари таъйину аломатгузории боз хатти қобили мулоҳизаи марз бо Қирғизистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, ки дар анҷоми сафари ҳамтои қирғизаш Содир Ҷабборов дар ҳузури рӯзноманигорон суҳбат мекард, гуфт, масъалаи таъйину аломатгузории марзи давлатӣ яке аз мавзӯҳои мулоқоти онҳо будааст ва ӯ дар ин боб ба ҳалли масъалаи марз аз роҳи созандагӣ ва эҳтироми манофеи ду кишвар тамаркуз хоҳад кард.

“Мо ҳамчунин масъалаи имзои шартномаеро ба баррасӣ гирифтем, ки дар гузашта сарашон тавофуқ сурат гирифта буд. Бино ба тарҳи ин созишнома, ҳудуди 520 километр хатти марзи давлатии ду кишвар имзо шудааст. Имрӯз боз 32 километри дигар мувофиқа шуданд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон дар бораи ин 32 км хатти марзии мувофиқашуда тафсилоти бештар надод, аммо махсус таъкид кард, ки раванди музокиротро кишварҳо ҳанӯз соли 2002 шурӯъ карда буданд.
“Тайи 20 соли гузашта дар умум 180 ҷаласаи Комиссияи муштарак ва гуруҳҳои кории таъйин ва аломатгузории марзҳо баргузор шудааст. Дар ин кор коршиносон заҳмати зиёде кашиданд, ки натиҷаҳо аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳуҷҷатгузорӣ шаванд, то боз ба сӯи ҳалли масъалаи маълум кардани хатти сарҳади давлатӣ пеш раванд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и президента Кыргызстана Содира Джабборова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Раҳмон музокироти ҳафтсоата бо Ҷабборовро хулоса кард: президентҳо дар бораи чӣ гуфтанд?
Комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон соли 2001 ташкил ва як сол пас ба кор шуруъ карда, соли 2013 ҳудуди 520 км марзи ду кишварро муайян кард ва санаде ҳам аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Алмосбек Атамбоев ба имзо расид.
Аммо дертар маълум шуд, ки Қирғизистон аз имзои созишномаи ниҳоӣ худдорӣ кардааст. Содир Ҷабборов, президенти кунунӣ, сеюмин раҳбари Қирғизистон аст, ки ин мавзуъ бо ӯ ба миён гузошта мешавад, аммо ҳарфи ниҳоӣ ҳанӯз ҳам аз он ҷониб зада нашудааст.
Содир Ҷабборов 28 июн, ҷиҳати анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Лентаи хабарҳо
0