Робия - тоҷикдухтаре, ки ба артиши Амрико пайваст: ӯ кист ва чаро ин пешаро интихоб кард

CC BY 2.0 / Lt. Chad A. Dulac / Headed homeБатальон солдат США загружается в военный самолет
Батальон солдат США загружается в военный самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Робия Дустова феълан бо артиши Амрико шартномаи 4 - сола дорад, аммо ӯ мехоҳад пас аз анҷоми мӯҳлат онро боз дароз кунад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Робия Дустова зодаи шаҳри Душанбе аст ва феълан дар артиши ИМА хизмат мекунад.
Сомонаи Your.tj аз қавли Робия менависад, ки ӯ дар оилаи хизматчии давлатӣ, аниқтараш милиса таваллуд шудааст. Ӯ ҳамагӣ чор сол дошт, ки падар зимни адои вазифа кушта шудааст.
Манбаъ менависад, Дустова пас аз хатми литсеи тоҷикӣ-туркӣ дар Душанбе бо кумаки хоҳарбузурги худ ба Амрико кӯчид.
Зиндагӣ барои ӯ дар Амрико саҳв набудааст, зеро харҷи донишгоҳ дар иёлати Индианаполис ниҳоят гарон буд, ҳарчанд 80 дарсади масрафотро аз ҳисоби стипендия мепӯшонд.
Аммо 20 дарсади маблағи донишгоҳ ва ҳамзамон дигар таъминоти рӯзгорро бояд бо меҳнати худ таъмин кунад.
Дилафруз  Хоникбоева, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Саргузашти Дилафрӯз дар китоби Ҷорҷ Буш: тоҷикдухтаре, ки дар тими Байден кор мекунад
Аз бозе, ки ӯ чанд забон медонист, дар донишгоҳ барои донишҷӯёни хориҷ мушовирӣ мекард ва аз ин ҳисоб маблағ ба даст меовард.
Робия изҳор доштааст, пайваста дар орзуи он буд, ки мисли падари худ корманди ҳифзи ҳуқуқ шавад ва ба корафтодагон кумак кунад.
Ниҳоятан ӯ қарор намуд, ки ба сафи артиши Амрико пайваст мешавад ва ба рекрутер тамос гирифт. Ӯ Робияро аз кори мушкили ин соҳа бохабар намуд, аммо тасмими ӯ ҷиддӣ буд.
Қабл аз дохил шудан ба сафи артиши Амрико, тоҷикдухтар тест супорид ва аз санҷиши тиббию равонӣ ҳам гузашт, ки натиҷаи ҳар се олӣ баромад.
Таджикская певица Манижа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Тоҷикдухтар Манижа Сангин, Русияро дар озмуни Евровидение-2021 намояндагӣ мекунад
Ӯ мегӯяд, маъмулан пас аз тестсупорӣ бояд аз 3 то 1 сол интизорӣ мекашид, вале ба Робия зуд тамос гирифтанду ба ӯ кори афсарӣ дар соҳаи молия ва ё табиби низомӣ пешниҳод намуданд ва ӯ охиронро интихоб кард.
Робия ҳамчунин изҳор дошт, ки ӯро метавонанд ба дилхоҳ нуқтаи даргирӣ интиқол диҳанд, то ба захмиёну ниёзмандон мадад расонад.
Ӯ мегӯяд аз ин кор ҳаросе надорад ва омода аст мисли падари ғӯрамарги худ ба мардум хизмат кунад.
Қаблан, номи Дилафрӯз Хоникбоева тоҷикдухтаре, ки ба тими Байден кишвардори Амрико пайваст дар сархати расонаҳои дохил ва хориҷи кишвар қарор гирифта буд.
Дилафрӯз низ замоне бо аҳли оилаи худ ба Амрико кӯч баст ва ҳоло дар ин кишвар мақоми худро пайдо намудааст.
Лентаи хабарҳо
0