Саргузашти Дилафрӯз дар китоби Ҷорҷ Буш: тоҷикдухтаре, ки дар тими Байден кор мекунад

© instagram / dkhonikboyevaДилафруз Хоникбоева,
Дилафруз  Хоникбоева, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Обуна шудан
Дар китобе, ки Ҷорҷ Буш дар бораи муҳоҷирони Амрико навиштааст, саргузашти Дилафрӯз Хоникбоева низ ҷо гирифт
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Зиндагиномаи Дилафрӯз Хоникбоева,тоҷикдухтари муқими Амрикоро, собиқ кишвардори ИМА, Ҷорҷ Буш дар китоби нави худ ҷо додааст.
Дар ин бора худи Дилафрӯз бо ифтихор дар сафҳаи Инстаграмми худ хабар дод.
Ӯ бо нашри аксу навор аз китоби тозаэъҷоди Буш, ба собиқ раисҷумҳур изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

“Ман фахр мекунам, ки президент Ҷорҷ Буш сурати маро кашидааст”, - мегӯяд тоҷикдухтари муқими Амрико.

Ҷорҷ Буш дар китоби худ саргузашти муҳоҷиронеро навиштааст, ки алъон муқими Амрико мебошанд ва миёни ҷомеаи амрикоӣ ва ҳатто берун аз он саршинос гардидаанд.
Зиндагиномаи Дилафӯз дар қатори саргузашти Арнолд Шварснеггер, Мадлен Олбрайт ва Генри Киссинчер нақл шудааст.
Дилафрӯз мегӯяд, аз он хушманд аст, ки дар китоби мазкур аз Помири маҳбуби худ ва ҳамчунин мавқеи АКДН ва USAID, ки солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон кумак мерасонд, нақл намудааст.
“Барои ман шараф аст, ки дар китоб дар бораи ба Амрико муҳоҷират кардани ман бо волидодону бародари азизам нақл кардам”, - навиштааст Дилафрӯз.
Ин тоҷикдухтари муқими Амрико чанде пеш ба тими Ҷо Байден роҳ ёфту ҷомеаи Тоҷикистонро шигифтзада кард.
Қаҳрамони китоби Ҷор Буш, қариб се даҳсола пеш ба Амрико муҳоҷир шудаву таҳсили мактаби миёна ва олиро дар иёлот гирифтааст.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Аз Боми ҷаҳон ба дили Амрико: кист тоҷикдухтаре, ки ба тими Байден роҳ ёфт - акс
"Ман як бонуи муҳоҷири ҷавони тоҷики помирии исмоилимазҳаби мусалмон ҳастам. 25 сол пеш хонаводаам аз Тоҷикистон ба Амрико кӯч бастанд", - навиштааст вай ва афзудааст, ки дар як кишвари бегона мардуми хуб кӯмакаш карданд.
Дилафрӯз Хоникбоева 32-сола дар шаҳри Хоруғ, дар хонаводаи коргар таваллуд шудааст.
Соли 1995 хонаводаи онҳо ба Амрико мераванд, ки дар ин вақт Дилафӯз ҳамаги 7 сол дошт.
Баъди хатми мактаби миёна дар Амрико, ӯ таҳсилашро дар Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон дар риштаи таҳлилу ҳалли низоъҳо ба ҳайси ҳуқуқшинос оғоз мекунад.
Баъди хатми донишгоҳ дар USAID, дар Вашингтон кори худро оғоз кард. Баъди як муддати фаъолият ӯро ба Бунёди Оқохон (AKF) дар ИМА ба кор даъват мекунанд, ки Дилафрӯз инро мепазирад.
Баъдан як бурсияи муҳими ҳукумати Амрико Presidential leadership scholars-ро дарёфт мекунад. Ин бурсия дар ИМА хеле бонуфуз аст, ки роҳи соҳибонашро барои рушд ҳам дар сиёсат ва ҳам дар ҷомеа хеле ҳамвор мекунад.
Оиладор ва донандаи чанд забони хориҷӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0