Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Омори ҷадиди вазорат бидуни марг: шумори гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон зиёд шуд

© Claudio FurlanВрачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии
Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки шумори гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ дар замони мавҷи дуюм боз афзоиш ёфта, ба 170 нафар расид
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Масъулини вазорати тандурустӣ хабар доданд, ки шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 18 нафари дигар гирифтори коронавирус шуданд.
Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар мавҷи дуюм расман ба 170 нафар расид, ки аз ин ба иттилои мақомот 65 нафар шифо ёфтаанд. Аз ҷумла ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи гузашта 13 нафар шифо ёфта, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.
Бояд қайд кард, ки ситоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз бурузи дигарбораи “вируси корона” дар Тоҷикистон хабар дод.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Русия штамми марговари коронавирус сабт шуд
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостанд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомот изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.
Ҳамин таавр, шумораи умумии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон 13460, шифоёфтагон - 13271 ва қурбониён 90 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳарчанд ҳафтаи ахир шабакаҳои иҷтимоӣ аз даргузашти чанд тан аз коронавирус тайи рӯзҳои ахир хабар доданд, вазорат тасдиқ накардааст.
Лентаи хабарҳо
0