https://sputnik.tj/20210629/joiza-adabi-ayni-tursunzoda-1040515156.html
Ҷоизаҳои адабӣ ба номи Айнӣ ва Турсунзода соҳибони худро ёфтанд
Ҷоизаҳои адабӣ ба номи Айнӣ ва Турсунзода соҳибони худро ёфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Ду нависанда, як адабиётшинос, се шоир ва як мунаққид дар Тоҷикистон ба гирифтани ҷоизаҳо сарвароз гардиданд
2021-06-29T14:30+0500
2021-06-29T14:30+0500
2021-06-29T14:33+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҷоиза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039049494_0:299:3073:2027_1920x0_80_0_0_8679b79d93cd5d5ffa5de697d96bb81e.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Номи гирандагони ҷоизаҳои адабӣ ба номи устод Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода маълум шуд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.Ба иттилои манбаъ, аз миёни нависандагон ба гирифтани ҷоиза Қодири Рустам ва Абдуғаффори Абдуҷаббор ноил шуданд. Ҳамчунин шоирон Абдуҷабборои Суруш, Хайрандеш ва Толиби Луқмон низ ба ин ҷоиза мушарраф гардиданд.Илова бар ин, адабиётшинос Муртазо Зайниддинов ва мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барандагони Ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2020 гардиданд.Гуфта мешавад, нависанда Қодири Рустам барои тарҷумаи романи “Бозгашт ба Панҷрӯд”-и нависандаи рус Андрей Волос, Абдуғаффори Абдуҷаббор барои тарҷумаи романи “Сад соли танҳоӣ”-и Габриэл Гарсиа Маркес, Муртазо Зайниддинзода барои силсилаи мақолаҳояш доир ба адабиёти муосир барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардидаанд.Шоир Хайрандеш барои девони ғазалиёти “Ҳамешабаҳор”, Абдуҷаббори Суруш ва Толиби Луқмон барои силсилаи ашъор ва мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барои силсилаи мақолоташ доир ба нақди шеъри муосир сазовори Ҷоизаи адабии ба номи МирзоТурсунзода шуданд.Соли равон ба ин ду ҷоизаи Иттифоқи нависандагон носирон Давлатшоҳи Тоҳирӣ ва Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод низ пешбарӣ шуда буданд, ки ноком гардиданд.Мавриди ёдоварист, ки ин ду ҷоизаи адабӣ соли 1989 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба ба адибон дода мешавад.
https://sputnik.tj/20210603/kulliyot-sadriddin-ayni-chop-1039947246.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1a/1039049494_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_20fd4838b3f8cecd679f962d23f74d9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷоиза, адабӣ, садриддин айнӣ, мирзо турсунзода
ҷоиза, адабӣ, садриддин айнӣ, мирзо турсунзода
Ҷоизаҳои адабӣ ба номи Айнӣ ва Турсунзода соҳибони худро ёфтанд
14:30 29.06.2021 (Навсозишуда: 14:33 29.06.2021) Ду нависанда, як адабиётшинос, се шоир ва як мунаққид дар Тоҷикистон ба гирифтани ҷоизаҳо сарфароз гардиданд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Номи гирандагони ҷоизаҳои адабӣ ба номи устод Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода маълум шуд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.
Ба иттилои манбаъ, аз миёни нависандагон ба гирифтани ҷоиза Қодири Рустам ва Абдуғаффори Абдуҷаббор ноил шуданд. Ҳамчунин шоирон Абдуҷабборои Суруш, Хайрандеш ва Толиби Луқмон низ ба ин ҷоиза мушарраф гардиданд.
Илова бар ин, адабиётшинос Муртазо Зайниддинов ва мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барандагони Ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2020 гардиданд.
Гуфта мешавад, нависанда Қодири Рустам барои тарҷумаи романи “Бозгашт ба Панҷрӯд”-и нависандаи рус Андрей Волос, Абдуғаффори Абдуҷаббор барои тарҷумаи романи “Сад соли танҳоӣ”-и Габриэл Гарсиа Маркес, Муртазо Зайниддинзода барои силсилаи мақолаҳояш доир ба адабиёти муосир барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардидаанд.
Шоир Хайрандеш барои девони ғазалиёти “Ҳамешабаҳор”, Абдуҷаббори Суруш ва Толиби Луқмон барои силсилаи ашъор ва мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барои силсилаи мақолоташ доир ба нақди шеъри муосир сазовори Ҷоизаи адабии ба номи МирзоТурсунзода шуданд.
Соли равон ба ин ду ҷоизаи Иттифоқи нависандагон носирон Давлатшоҳи Тоҳирӣ ва Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод низ пешбарӣ шуда буданд, ки ноком гардиданд.
Мавриди ёдоварист, ки ин ду ҷоизаи адабӣ соли 1989 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба ба адибон дода мешавад.