Аввалин ҷилди "Куллиёт" - и Садриддин Айнӣ чопи академӣ шуд

© PixabayКнига, архивное фото
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Обуна шудан
Таҳиягар ва мураттиби ин ҷилд, доктори илми филология, профессори ДМТ, Абдулҳай Маҳмадаминов мебошад
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Дар Тоҷикистон аввалин ҷилди "Куллиёт", аниқтараш ҷилди 3 - и сардафтари адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Садриддин Айнӣ дар шаки академӣ ба табъ расид, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, теъдоди нашри ин ҷилди "Куллиёт" 550 нусха мебошад. Таҳиягар ва мураттиби ин ҷилд, Айнишинос, доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Абдулҳай Маҳмадаминов мебошад.
Гуфта мешавад дар ҷилди саввуми "Куллиёт", асарҳои таълимии Садриддин Айнӣ - "Тартилу -л- Қуръон", "Зарурияти диннийя", "Таҳзибу-с-сибиён" ва "Духтарбача ё ки Холида" ҷой дода шудааст.
Литературный музей Садриддина Айни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2020
Овозаҳо дуруғанд: Академияи илмҳо гуфт, хона — музейи Садриддин Айнӣ тахриб намешавад
Тартилу-л-Қуръон"-ро устод Садриддин Айнӣ соли 1909 таълиф кардааст. Нашри китоби "Зарурийёти динийя" ба соли 1914 рост меояд. Ин ҳар ду асарро аз ҷумлаи нодиракориҳо ва шоҳкориҳои устод Садриддин Айнӣ донистаанд, ки шуҳрати беназир доранд.
"Таҳзибу-с-сибён"- ро беҳтарин ва барҷастатарин асари устоди равоншод донистаанд, ки дар ибтидои асри XX барои мактабҳои усули нав таълиф намудааст.
Рисолаи "Духтарбача ё ки Холида", низ ки дар қисмати охири "Куллиёт" (ҷилди 3) ҷой дорад, асари таълимии устод Садриддин Айнӣ мебошад. Он бори аввал бо саъю кӯшиши шахсияти маъруфи фарҳангӣ Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (1875-1934) соли 1924 дар Берлин нашр гардидааст.
Манбаъ меафзояд, ин китоб аз беҳтарин туҳфаҳое маҳсуб мешавад, ки ба 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Теъдоди нашри ин ҷилди "Куллиёт" 550 нусха мебошад.
Лентаи хабарҳо
0