https://sputnik.tj/20210629/bozdid-shirkat-nassoji-duzandagi-tojikiston-uzbekiston-1040526428.html
Боздиди намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон
Боздиди намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон боздид карданд
2021-06-29T21:00+0500
2021-06-29T21:00+0500
2021-06-29T23:14+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
ширкат
боздид
саноат
санъати нассоҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101742/63/1017426337_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_c3d708c7be23e6a3bacc43f94f49def0.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Эҷоди равобити тиҷорӣ дар минтақа ва интиқоли таҷриба аз аҳдофи ин боздид будааст, иттилоъ додааст дафтари Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар Тоҷикистон. Бино бар иттилои манбаъ, дар ин сафар 17 нафар аз намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дузандагӣ, донишгоҳи фаннии нассоҷӣ, Иттиҳодияи коргарии вазорати саноати Тоҷикистон ҳузур дорандИнтизор меравад, намояндагони ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон равобити тиҷории ҷадиде бо ҳамтоёни ӯзбеки худ барқарор карда ва бозори маводи аввалия ва фазои хӯрдафурӯшии маҳсулоти худро баррасӣ кунанд.Онҳо ҳамчунин дар мавриди масоилу сиёсатҳои саноатӣ ва молӣ дар Ӯзбекистон, монанди молиёт ва авориз, равишҳои содироту воридот, дастрасӣ ба манобеи молӣ ва ҳимояти давлат аз ин бахш табодули назар хоҳанд кард.Ҳайати Тоҷикистон бо боздид аз ширкатҳои ӯзбекистонӣ, бо фанноварӣ ва фарояндҳои тавлиди ин ширкатҳо ҳам ошно мешаванд.Пешбинӣ мешавад, ки дар ин боздид намояндагони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо муассисаи муҳандисӣ ва фанноварии Намангони Ӯзбекистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо кунанд.Намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон то 3 июл дар Ӯзбекистон ҳастанд.
https://sputnik.tj/20210220/duzandaggi-nassoji-Tojikiston-1032862043.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101742/63/1017426337_146:0:1010:648_1920x0_80_0_0_73b7aeeac149b57fcde85f1b315fa14c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳайат, намояндагон, ширкат, нассоҷӣ боздид
тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳайат, намояндагон, ширкат, нассоҷӣ боздид
Боздиди намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон
21:00 29.06.2021 (Навсозишуда: 23:14 29.06.2021) Намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон боздид карданд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Эҷоди равобити тиҷорӣ дар минтақа ва интиқоли таҷриба аз аҳдофи ин боздид будааст, иттилоъ додааст дафтари Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин сафар 17 нафар аз намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дузандагӣ, донишгоҳи фаннии нассоҷӣ, Иттиҳодияи коргарии вазорати саноати Тоҷикистон ҳузур доранд
Интизор меравад, намояндагони ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон равобити тиҷории ҷадиде бо ҳамтоёни ӯзбеки худ барқарор карда ва бозори маводи аввалия ва фазои хӯрдафурӯшии маҳсулоти худро баррасӣ кунанд.
Онҳо ҳамчунин дар мавриди масоилу сиёсатҳои саноатӣ ва молӣ дар Ӯзбекистон, монанди молиёт ва авориз, равишҳои содироту воридот, дастрасӣ ба манобеи молӣ ва ҳимояти давлат аз ин бахш табодули назар хоҳанд кард.
Ҳайати Тоҷикистон бо боздид аз ширкатҳои ӯзбекистонӣ, бо фанноварӣ ва фарояндҳои тавлиди ин ширкатҳо ҳам ошно мешаванд.
Пешбинӣ мешавад, ки дар ин боздид намояндагони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо муассисаи муҳандисӣ ва фанноварии Намангони Ӯзбекистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо кунанд.
Намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон то 3 июл дар Ӯзбекистон ҳастанд.