https://sputnik.tj/20210220/duzandaggi-nassoji-Tojikiston-1032862043.html
Баҳси рушди дузандагию нассоҷӣ дар Тоҷикистон: 7,8 миллион ҷӯроб истеҳсол шудааст
Баҳси рушди дузандагию нассоҷӣ дар Тоҷикистон: 7,8 миллион ҷӯроб истеҳсол шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ ва давлатӣ беҳбуди шароити корӣ дар соҳаи нассоҷию дузандагӣ баррасӣ шудааст 20.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-20T14:50+0500
2021-02-20T14:50+0500
2021-07-07T17:54+0500
ҳамаи хабарҳо
иҷтимоъ
саноат
санъати нассоҷӣ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031915131_0:316:3077:2047_1920x0_80_0_0_f655934dfdfc8d904ff8dbd5b0fdce3e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тоҷикистон соли гузашта ба хориҷа ба маблағи 58,8 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ содир намудааст, иттилоъ дода шуд, зимни ҳамоиш дар мавзӯи рушди нассоҷӣ.Ба иттилои “Ховар” дар ин нишаст амалишавии барномаҳои соҳавии давлатӣ, вазъи кунунии корхонаҳо, истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, сифат ва арзиши маҳсулот ва таъсири он ба рақобатпазирии корхонаҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, талаботи бозори кор ва сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳа матраҳ гардид.Абдулло Муҳаммадиев, сардори департаменти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, иттилоъ додааст, ки соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар соли 2020 бо вуҷуди пандемия нишондодҳои хуб дошт.“Соли гузашта корхонаҳои соҳавӣ 19 287 тонна ресмони пахтагин, 13 705 000 метри мураббаъ матои пахтагин ва 7 807 000 ҷуфт ҷӯроб истеҳсол карданд. Ҳамчунин дар кишвар дар ҳаҷми 346 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ ва 2 859 000 сомонӣ маҳсулоти кешбофӣ дӯхта шуда, 926 594 дона либоси мактабӣ истеҳсол шуд”, - изҳор доштаст Муҳаммадиев.Барои рушди соҳа пешгирӣ аз воридоти ғайрирасмии маҳсулоти тайёри нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, таъмини рақобатнокии солим дар бозори дохилӣ, дастрасии бахши хусусӣ ба қарзҳои имтиёзноки дарозмуддати бонкӣ, омода ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои босифати тиҷоратӣ, истифодаи самараноки имтиёзҳои андозӣ, баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорони соҳа муҳим арзёбӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20210127/Savdo-khoriji-Tojikiston-2020-1032709387.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/11/1031915131_348:0:3077:2047_1920x0_80_0_0_7280cc2f5a0ce95346e6129c71f4d241.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, саноат, санъати нассоҷӣ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, саноат, санъати нассоҷӣ, дар тоҷикистон
Баҳси рушди дузандагию нассоҷӣ дар Тоҷикистон: 7,8 миллион ҷӯроб истеҳсол шудааст
14:50 20.02.2021 (Навсозишуда: 17:54 07.07.2021) Дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ ва давлатӣ беҳбуди шароити корӣ дар соҳаи нассоҷию дузандагӣ баррасӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тоҷикистон соли гузашта ба хориҷа ба маблағи 58,8 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ содир намудааст, иттилоъ дода шуд, зимни ҳамоиш дар мавзӯи рушди нассоҷӣ.
Ба иттилои “Ховар” дар ин нишаст амалишавии барномаҳои соҳавии давлатӣ, вазъи кунунии корхонаҳо, истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, сифат ва арзиши маҳсулот ва таъсири он ба рақобатпазирии корхонаҳо дар бозорҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, талаботи бозори кор ва сифати омодасозии кадрҳои баландихтисос барои соҳа матраҳ гардид.
Абдулло Муҳаммадиев, сардори департаменти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон, иттилоъ додааст, ки соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар соли 2020 бо вуҷуди пандемия нишондодҳои хуб дошт.
“Соли гузашта корхонаҳои соҳавӣ 19 287 тонна ресмони пахтагин, 13 705 000 метри мураббаъ матои пахтагин ва 7 807 000 ҷуфт ҷӯроб истеҳсол карданд. Ҳамчунин дар кишвар дар ҳаҷми 346 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ ва 2 859 000 сомонӣ маҳсулоти кешбофӣ дӯхта шуда, 926 594 дона либоси мактабӣ истеҳсол шуд”, - изҳор доштаст Муҳаммадиев.
Барои рушди соҳа пешгирӣ аз воридоти ғайрирасмии маҳсулоти тайёри нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, таъмини рақобатнокии солим дар бозори дохилӣ, дастрасии бахши хусусӣ ба қарзҳои имтиёзноки дарозмуддати бонкӣ, омода ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои босифати тиҷоратӣ, истифодаи самараноки имтиёзҳои андозӣ, баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорони соҳа муҳим арзёбӣ шудааст.