3-4-ҳуҷрагӣ ва бо тамоми шароит: сокинони аз сел зарардида дар Вахш хона гирифтанд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонДар Хатлон сокинони аз сел зарардида хона гирифтанд
Дар Хатлон сокинони аз сел зарардида хона гирифтанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Хонаҳои бунёдгардида 3 ва 4 ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити будубоши зиндагӣ таъмин мебошанд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Чанде аз сокинони ноҳияи Вахш, ки аз сел зарар дида буданд, хона гирифтанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Бино бар иттилои манбаъ, ба сардорони 6 оилаи деҳаи Иттифоқи деҳоти "20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон"-и ноҳияи Вахш, ки сохтмони манзили истиқоматии онҳо ба анҷом расид, калиди хонаҳои навашон тақдим карда шуд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Раҳмон дар Вахш: “руҳафтода набошед то моҳи сентябр хонаҳои вайроншуда барқарор мешаванд”
"Хонаҳои бунёдгардида 3 ва 4 ҳуҷрагӣ буда, бо тамоми шароити будубоши зиндагӣ таъмин мебошанд. Дар ин мавзеъ то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрчаи нави замонавӣ бунёд мегардад. Давоми 6 моҳи оянда мактаб ва бунгоҳи тиббӣ низ бунёд хоҳад ёфт", - таъкид мекунад манбаъ.
Гуфта мешавад, дар маросими мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, полковник Сулаймон Исозода, инчунин роҳбарияти ноҳияи Вахш иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли 2021 дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш дар натиҷаи боришоти борони зиёду омадани сел 41 хонаи истиқоматии шаҳрвандон пурра хароб шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0