https://sputnik.tj/20210628/virusshinosi-vuhan-guft-koronavirus-az-kujo-paydo-shud-1040490975.html
Вирусшиноси Вуҳан гуфт, коронавирус аз куҷо пайдо шуд
Вирусшиноси Вуҳан гуфт, коронавирус аз куҷо пайдо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Даниэл Андерсон то мохи ноябри соли 2019 дар Институти вирусшиносии Вуҳан кор кардааст
2021-06-28T15:34+0500
2021-06-28T15:34+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
илм ва фанноварӣ
пайдоиш
пандемия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035094852_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_bc923be06f5c71359283dd0f8f839c9b.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Вирусшинос Даниэл Андерсон чунин мешуморад, ки COVID-19 эҳтимолияти пайдоиши табиӣ дорад. Олим дар ин бора дар мусоҳиба бо Bloomberg гуфтааст. Бо вуҷуди ин, Андерсон изҳори боварӣ намуд, ки агар ин вирус ба таври сунъӣ эҷод шуда бошад, ҳам дақиқан на барои сирояти оммавии башарият ва ҳамчунин он махсус ҳам аз дохили лаборатория хориҷ нашудааст.Агар ин воқеан рӯй дода бошад, ҳатман тасодуфан ва аз беэҳтиётӣ сурат гирифтааст.Мувофиқи гуфтаи ӯ, дақиқ муайян кардан мумкин нест, ки SARS-CoV-2 аз куҷо пайдо шудааст. Ӯ мегӯяд, юарои муайян кардани ин кор вақти бештар зарур аст.Олим инчунин ёдовар шуд, ки солҳои 2002-2004 ҷаҳон бо хуруҷи бемории пайдошудаи шадиди респираторӣ дучор омад, ки аз ҷониби SARS-CoV-1 ба амал омадааст. Ин вирус якчанд маротиба минтақаҳои муҳофизатиро тарк кардааст.Дар Ғарб ҳоло фарзия дар бораи пайдоиши озмоишгоҳи COVID-19 ҳукмфармост - дар ин бора на танҳо расонаҳо, балки Кохи Сафед низ хабар медиҳанд.Тибқи ин фарзия, вирус гӯё бар асари садама дар лабораторияи илмӣ паҳн гардидааст.Иттилооти Бритониё инчунин хуруҷи коронавируси SARS-CoV-2-ро аз озмоишгоҳ "имконпазир" номидааст. Аммо як фарзияи дигар вуҷуд дорад, ки он интиқол ёфтани вирус аз ҳайвон ба инсон мебошад.
https://sputnik.tj/20210524/hadamoti-kashf-amriko-marizoi-koronavirus-1039689074.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035094852_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_3a69a1b7478cc8ffa0ef7a921063532c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вуҳан, коронавирус, пайдоиш
вуҳан, коронавирус, пайдоиш
Вирусшиноси Вуҳан гуфт, коронавирус аз куҷо пайдо шуд
15:34 28.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Даниэл Андерсон то мохи ноябри соли 2019 дар Институти вирусшиносии Вуҳан кор кардааст
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Вирусшинос Даниэл Андерсон чунин мешуморад, ки COVID-19 эҳтимолияти пайдоиши табиӣ дорад.
Олим дар ин бора дар мусоҳиба бо Bloomberg гуфтааст.
Бо вуҷуди ин, Андерсон изҳори боварӣ намуд, ки агар ин вирус ба таври сунъӣ эҷод шуда бошад, ҳам дақиқан на барои сирояти оммавии башарият ва ҳамчунин он махсус ҳам аз дохили лаборатория хориҷ нашудааст.
Агар ин воқеан рӯй дода бошад, ҳатман тасодуфан ва аз беэҳтиётӣ сурат гирифтааст.
"Масалан, олим тавонист ҳангоми кор сироят ёбаду бехабар оз он муҷиби мариз кардани чандин нафарони дигар гардад", - илова намудааст вирусшинос.
Мувофиқи гуфтаи ӯ, дақиқ муайян кардан мумкин нест, ки SARS-CoV-2 аз куҷо пайдо шудааст. Ӯ мегӯяд, юарои муайян кардани ин кор вақти бештар зарур аст.
Олим инчунин ёдовар шуд, ки солҳои 2002-2004 ҷаҳон бо хуруҷи бемории пайдошудаи шадиди респираторӣ дучор омад, ки аз ҷониби SARS-CoV-1 ба амал омадааст. Ин вирус якчанд маротиба минтақаҳои муҳофизатиро тарк кардааст.
Дар Ғарб ҳоло фарзия дар бораи пайдоиши озмоишгоҳи COVID-19 ҳукмфармост - дар ин бора на танҳо расонаҳо, балки Кохи Сафед низ хабар медиҳанд.
Тибқи ин фарзия, вирус гӯё бар асари садама дар лабораторияи илмӣ паҳн гардидааст.
Иттилооти Бритониё инчунин хуруҷи коронавируси SARS-CoV-2-ро аз озмоишгоҳ "имконпазир" номидааст.
Аммо як фарзияи дигар вуҷуд дорад, ки он интиқол ёфтани вирус аз ҳайвон ба инсон мебошад.