Станислав Зас ба Тоҷикистон сафар мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Станислав Зас, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Станислав Зас, дабири СААД, барои арзёбии вазъи марзи Афғонистон ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Сафари Станислав Зас ояндаи наздик сурат гирифта, мулоқоташ бо низомиёни воломақоми ҷумҳурӣ дар назар аст, хабар дод РИА Новости бо такя ба котиби матбуотии СААД, Владимир Зайнетдинов.
Манбаъ афзуд, ки Тоҷикистон рӯзи душанбе СААД-ро аз вазъи марзи Афғонистон огоҳ карда буд.
Насморк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Чор аломати бемории коронавирус, ки дар эмшудаҳо пайдо мешаванд
Ахиран мақомоти марзбонии КДАМ гуфтанд, субҳи 27-уми июни соли 2021 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати "Толибон"* ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон ҳамла намуданд.
Дар натиҷаи ин задухӯрд, 17 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, вазъияти умумӣ дар ин минтақа мураккаб боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои ҳаракати “Толибон”* ва қувваҳои ҳукуматии Афғонистон идома дорад.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0