https://sputnik.tj/20210628/saad-tojikiston-kumak-hohad-1040500369.html
СААД: агар Тоҷикистон кумак хоҳад, онро мегирад
СААД: агар Тоҷикистон кумак хоҳад, онро мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бори дигар омодагии худро барои расонидани кумак ба Тоҷикистон дар замони шиддат гирифтани вазъ тасдиқ кард
2021-06-28T19:53+0500
2021-06-28T19:53+0500
2021-06-28T19:57+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
осиёи марказӣ
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102705/29/1027052949_0:201:2927:1847_1920x0_80_0_0_7c456fb5fca8a59dbacb152af1f0f571.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. СААД дар бораи вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон иттилоъ гирифтааст, гуфт котиби матбуотии созмон, Владимир Зайнетдинов дар суҳбат бо РИА Новости.Вай қайд кард, ки ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон дар бораи вазъи марз бо Афғонистон гузориш додааст, аммо кумак нахост.Сухангӯи СААД афзудааст, ки ба Тоҷикистон метавонанд кумаки сиёсӣ, низомӣ ва низомӣ-техникӣ расонида шавад. Инчунин маълум шуд, ки рӯзҳои наздик дабири кулли СААД Станислав Зас ба Тоҷикистон барои баррасии вазъ дар марз хоҳад рафт. Хотиррасон мекунем, ки дар Афғонистон ҷангҳои шадид байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон* (манъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар чор минтақаи наздимарзӣ ҷараён доранд. Минтақаҳо ва постгоҳҳои марзӣ тадриҷан таҳти назорати ҷангиён қарор мегиранд. Ҷангҷӯён тавонистанд, ки гузаргоҳи Шерхон-Бандарро дар сарҳад бо Тоҷикистон забт кунанд. Ҳамзамон, нерӯҳои ҳукуматӣ амалиёти ҷавобӣ мегузаронанд, ки Толибонро тадриҷан аз қаламравҳои забтшуда пас гардонанд. *созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
https://sputnik.tj/20210628/stanislav-zas-tojikiston-meravad-1040498185.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102705/29/1027052949_97:0:2828:2048_1920x0_80_0_0_a26c2825b3fb1d940895e1afddcb8d67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, тоҷикистон, амният, афғонистон, кумак
саад, тоҷикистон, амният, афғонистон, кумак
СААД: агар Тоҷикистон кумак хоҳад, онро мегирад
19:53 28.06.2021 (Навсозишуда: 19:57 28.06.2021) Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ бори дигар омодагии худро барои расонидани кумак ба Тоҷикистон дар замони шиддат гирифтани вазъ тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. СААД дар бораи вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон иттилоъ гирифтааст, гуфт котиби матбуотии созмон, Владимир Зайнетдинов дар суҳбат бо РИА Новости.
Вай қайд кард, ки ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон дар бораи вазъи марз бо Афғонистон гузориш додааст, аммо кумак нахост.
"Дар сурати ворид шудани дархост, СААД ба Тоҷикистон тамоми кумакҳои заруриро, ки дар шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Оинномаи СААД пешбинӣ шудаанд, ироа хоҳад кард", - илова кард Зайнетдинов.
Сухангӯи СААД афзудааст, ки ба Тоҷикистон метавонанд кумаки сиёсӣ, низомӣ ва низомӣ-техникӣ расонида шавад.
Инчунин маълум шуд, ки рӯзҳои наздик дабири кулли СААД Станислав Зас ба Тоҷикистон барои баррасии вазъ дар марз хоҳад рафт.
Хотиррасон мекунем, ки дар Афғонистон ҷангҳои шадид байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон* (манъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар чор минтақаи наздимарзӣ ҷараён доранд.
Минтақаҳо ва постгоҳҳои марзӣ тадриҷан таҳти назорати ҷангиён қарор мегиранд. Ҷангҷӯён тавонистанд, ки гузаргоҳи Шерхон-Бандарро дар сарҳад бо Тоҷикистон забт кунанд. Ҳамзамон, нерӯҳои ҳукуматӣ амалиёти ҷавобӣ мегузаронанд, ки Толибонро тадриҷан аз қаламравҳои забтшуда пас гардонанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия