Раҳбари БАТР дар Тоҷикистон иваз шуд: раиси нав кист?

© пресс-служба ЕБРРГлава Представительства ЕБРР в Таджикистане Рика Иши
Глава Представительства ЕБРР в Таджикистане Рика Иши  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Раҳбари нави Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз 1 сентябри соли 2021 ба адои вазифа мепардозад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Раҳбари ҷадиди намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон, Рика Ишӣ таъйин гардид.
Раиси нав аз 1 сентябри соли 2021 ба ифои вазифа оғоз хоҳад кард. Ишӣ дар ин мақом Айтен Рустамоваро иваз кард. Рустамова дар навбати худ, раҳбари минтақавии БАТР дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон шуд.
Ба гуфти намояндаи бонк, ӯ аз бозгаштан ба кор дар минтақаи Осиёи Марказӣ шод аст.
"БАТР солҳои охир дар Тоҷикистон хеле фаъол буда, ба васеъ намудани дастрасӣ ба маблағгузории намояндагони бахши хусусӣ, занони соҳибкор ва навкунонии инфрасохтор мусоидат кард", - гуфт Ишӣ.
Вай изҳор дошт, ки малака ва таҷрибаи худро барои тавсеаи ҳамкориҳои байни бонк ва ҷумҳурӣ истифода мебарад.
ТЭЦ “Душанбе-2”. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Қарзу грант: БАТР барои таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе пул медиҳад
Ногуфта намонад, ки Ишӣ фаъолияти худро дар БАТР соли 1997 оғоз кардааст. Вай дар як қатор кишварҳое, ки бонк дар он фаъолият мекунад, вазифаҳои иқтисодшинос ва мутахассиси пешбари соҳаро иҷро кардааст.
То таъиноти нав ӯ ба ҳайси иқтисоддони пешбари минтақавӣ дар Балкани Ғарбӣ кор мекард.
Ёдовар мешавем, ки БАТР дар 144 лоиҳаи иқтисодии Тоҷикистон 765 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0