Иттиҳодияи сохтмончиёни Русия аз норасоии 1,2 миллион коргар ва эмгузаронӣ гуфт

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкРабочие на строительной площадке в Волновахе. Архивное фото
Рабочие на строительной площадке в Волновахе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Иттиҳодияи миллии сохмончиён мегӯяд, дар Маскав мушкиле зимни ваксингирии муҳоҷирон сурат нахоҳад гирифт, чун теъдоди муҳоҷирон кам мебошад
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Антон Глушков, роҳбари Иттиҳодияи миллии бинокорон, дар бораи оғози эмгузаронии оммавӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатии Маскав ибрози назар кард.
Глушков гуфт, сохтмончиёни шаҳри Маскав албатта аз ин иқдом истифода хоҳанд кард.

“Гап дар он аст, ки дар ҳоли ҳозир муҳоҷироне, ки баъди ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо боқӣ мондаанд, хеле каманд ва шеваи феълии вуруди муҳоҷирон низ хусусияти ягон - ягонро дорад”, - гуфт Глушков.

Тибқи гуфтаи роҳбари Иттиҳодия, норасоии умумии муҳоҷирон дар сохтмонҳои Русия тақрибан 1 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Вакцинация от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Хатари асосии ваксинзании муҳоҷирон муайян шуд
Бояд гуфт, ки эмкунӣ дар байни муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав оғоз ёфт. Бо дархости корфармоён муҳоҷирон барои оғози кор дар реҷаи озмоишӣ эм карда мешаванд.
Эмгузаронии муҳоҷирон дар Маскав дар маркази муҳоҷират дар Сахарово сурат мегирад ва ба зудӣ нуқтаи дуввум дар маркази савдои “Садовод” боз мешавад. Хароҷоти ваксина 1300 рубл аст, ки онро корфармо пардохт мекунад.
Лентаи хабарҳо
0