Фиристодаи Путин гуфт, хатари гузариши Толибон ба кишварҳои ҳамсояро намебинад

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкЗамир Кабулов, архивное фото
Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи он ки фаъолияти Толибон* дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба амнияти Русия чӣ гуна таҳдид мекунад, изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Фаъолияти ҷунбиши радикалии Толибон* (дар қаламрави Русия манъшуда) дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ба амният таҳдид намекунад, гуфт Замир Кобулов, фиристодаи махсуси президенти Русия дар умури Афғонистон.
Кобулов, ки инчунин мудирияти департаменти дуввуми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русияро ба уҳда дорад, таъкид кард, ки хатари гузариши фаъолияти низомии Толибон ба қаламрави давлатҳои ҳаммарзро намебинад.

“Не, ин ба амнияти Русия таҳдид намекунад. Ин корро онҳо ҳамчун таҳдид ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя анҷом намедиҳанд, танҳо сарбозонеро, ки алайҳашон ҷанг мекунанд, танг месозанд”, - гуфт мақомдори Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Ба гуфтаи Кабулов, амали ҷангҷӯёни Толиб* натиҷаи холигӣ дар раванди гуфтушунидҳои Афғонистон аст.
“Албатта, ин бад аст. Аммо он чизе, ки мо дар бораи он огоҳ кардем, ба амал омада истодааст - мо бояд гуфтушунид кунем, на вонамуд, ки гуфтушунид дорем. Ягон музокира нест, аз ин рӯ Толибон* сенарияҳои зӯриро истифода мебаранд”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи марзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон* задухӯрд ба амал омад. Ҷангҷӯён 8 ноҳия ва 2 посгоҳи марзиро ишғол карданд.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Станислав Зас ба Тоҷикистон сафар мекунад
Ҳамин тариқ, рӯзи 21 июн як гурӯҳи Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Кундуз ҳамла кард. Шумораи умумии низомиёни афғони кушташуда ва асирафтода ҳудуди сад нафар арзёбӣ гардид.
Ҳудуди 134 нафари дигар пас аз задухӯрдҳои шадид 22 июн ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Панҷ фирор карданд. Дар байни онҳо, чаҳор нафар захмӣ ва як нафар кушта шуданд. Инчунин 17 низомии дигар рӯзи 27 июн дар минтақаи сарҳадии Шаҳритус ба Тоҷикистон ақибнишинӣ кардаанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0